Экстримизм аз назари ҷавонон

Экстримизм аз назари ҷавонон

Дар кафедраи “Бемориҳои кӯдаконаи №1” чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Экстримизм аз назари ҷавонон» бо иштироки донишҷӯёни курси 4 факултети тиббӣ, гуруҳи 11 баргузор шуд. Дар аввали чорабинӣ омӯзгори калони кафедра Самиева Н.Ш. сухан ронда, қайд кард, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш –таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо - ҳанафия мебошад.

Сипас донишҷӯи курси 4-ум аз гурӯҳи 11 Мамараҷабов Азимҷон бо презентатсия баромад кард. Чи тавре, ки Президенти мӯҳтарам қайд намуданд: “ Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.” Зеро ақидаҳо, андешаву пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт амалӣ мешаванд, нақши муҳимро бозидааст.

        Дар фарҷом муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин мавзӯъ баён намуданд.

Мудири кафедраи «Бемориҳои кӯдаконаи №1» н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ, ассистент Ҳотамова М.Н.

10.04.2021     372

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php