ДАР ХОБГОҲИ №7

Ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 Намозов Д.Б. рӯзи 2.03.2021 дар хобгоҳи №7 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буд.

        Дар соатҳои навбатдории муаллим дар хобгоҳ баъд аз таҳсил ҳама донишҷӯён ҳозир буданд. Донишҷӯён саргарми кору мутолиа буда, қисме дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд ва қисми дигарашон машғули тайёр намудани хӯроки шом буданд.

Дар якҷоягӣ бо донишҷӯён ҳуҷраҳои зисти онҳоро аз назар гузаронида, ҳамзамон оид ба қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ суҳбат намуданд. Аз китобхонаи хобгоҳ низ омӯзгори навбатдор дидан намуданд, ки донишҷӯён дар китобхонаи электронӣ машғул ба мутолиаи фанҳои омӯзишӣ буданд. Бояд гуфт, ки дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Ҳангоми навбатдорӣ аз тарафи донишҷӯён ягон қонунвайронкунӣ дида нашуд.

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.     

Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳотамова М.Н.

04.03.2021     426

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php