Чорабинии фархангӣ бахшида ба ҷашни Иди Наврӯз

Чорабинии фархангӣ бахшида ба ҷашни Иди Наврӯз

Санаи   20 марти дар кафедра таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Хотамова М.Н бо донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 7 чорабинии фархангӣ бахшида ба ҷашни Иди Наврӯз гузаронида шуд.  

Донишҷӯёни гурӯҳи 7 дастархони идона оростанд.    Яке аз унсурҳои ҷашни Наврӯз оростани суфраи «ҳафт шин» ё «хафт син» мебошад, ки дар суфраи мазкур ҳар ғизое, ки номаш бо ҳарфи «с» ва «ш» оғоз мешавад, ниҳоданд.

Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулху осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Онхо кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми тахвили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар рӯйи суфраи наврӯзӣ илова ба ҳафт мева шакар, шир, ҷурғот ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рӯи дастархон менихҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Инчунин дар суфраи идона себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Донишҷӯён ба васфи Наврӯз шеъру суруд қироат намуданд.

Мудири кафедра н.и.т., досент  -  Мамадҷонова Г.С.    

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент  -  Ҳотамова М.Н.

26.03.2021     356

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php