Чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Баробарҳуқуқии зану мард-кафолати оилаи солим!”

Чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Баробарҳуқуқии  зану мард-кафолати оилаи солим!”

Санаи   30 марти     дар кафедра чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Баробарҳуқуқии зану мард-кафолати оилаи солим!” гузаронида шуд.   Дар аввали чорабини ассистенти кафедра Алишерова Н.А кайд намуданд, ки “ Дар воқеъ оила дар ҳама давру замон ҷиҳати ташакулёбии ҷомеа ва рушди фарҳангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳамагуна дастоварду пешравии ҷомеъа, оилаҳои солиму устувор ба шумор меравад.

Баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зуроварӣ, инчунин ҷиҳати муайянсозии вазифаҳои субектҳои пешгирикунанда оид ба зуровари дар оила доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда соли 1998

Кодекси оилаи ҶТ ва соли 2013 Қонуни ҶТ “ Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила “ қабул гардид.

Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 8 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Мирзоназаров Ҷовидҷон Алиназарович бо презентасия баромад карда маълумот доданд, ки “ Боиси зикр аст, ки оила ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеъа буда, пешбурди фаъолияти он ба тамоми ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳанги таъсири мусбат ва ҳам манфии худро мерасонад. Дар баробари ин оила ва ҳолати ахлоқии он бевосита аз омилҳои муҳити зисте, ки дар ҷойи зист ва ҳайати меҳнати дар ҳаёти ҳарруза мушоҳида карда мешаванд вобаста аст.

Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Мудири кафедра н.и.т., досент  -  Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент  -  Ҳотамова М.Н.

30.03.2021     377

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php