8-уми Март –Рӯзи модарон

8-уми Март –Рӯзи модарон

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бакоев Ф.С., Алишерова Н.А инчунин донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳҳои 17,18,19.20 ва 21 чорабинии фарҳангӣ- таблиғотӣ дар мавзӯӣ “8-уми март – Рӯзи Модарон” гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ дотсенти кафедра Қобилова Б.Х. ҳозиринро табрик карда, қайд намуд: ”“Фахмида бошед, бо ҳама чизе ки дорем - оилаву фарзанд, дӯстону ақрабо, мансабу манзалат - бе модар тоқаву танҳо ва бечораву хор мешавем. Ҳузури модар, дидори модар - бехтарин неъмату нусрат аст. Ба қадри ӯ хатман бояд бирасем.

       

          

Аё модар, матарс аз даври пирӣ,

        Бузургӣ, бо бузургият намирӣ.

        Ба дунё шӯҳрату шону мақомат,

        Баланд аз маснади шоҳу вазирӣ. 

Сипас донишҷӯи гурӯҳи 18 Назаров Давлатшоҳ бо презинтатсия баромад карда, каме маълумот дод: ”Рузи байналхалкии занон – идест, ки дар баъзе кишварҳо рӯзи 8-уми март чашн гирифта мешавад. Рӯзи байналхалкии занон дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он иди бонувон набуда, балки чашни занони инқилобгар буд. Соли 1857 дар Амрико коргарзанони фабрикаи пойафзол ва дузандагӣ гирдихамоӣ ташкил карданд. Онхо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, бехтар кардани шароити мехнат ва маоши ба мардхо баробарро талаб карданд. Он замон занҳо то 16 соат кор мекарданд, вале маоши ночизе мегирифтанд. Ин буд, ки аввалин бор худи ҳамон сол дар ИМА иттифоқи касабаи нав пайдо шуд, ки занон аъзои он иттифоқ шуда буданд. Ин воқеа дар таърихи инсоният бори аввал рух дода буд. Соли 1910 дар Дания дар конфронси дуввуми занҳои сотсиалист бо пешниходи Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «Муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Танхо соли 1914 рӯзи 8-уми март дар тамоми чахон рӯзи Байналхалқии Занонро чашн гирифтанд. Дар Точикистон бошад аз соли 2009 инчониб ин рӯз хамчун Рӯзи иди Модарон ботантана таҷлил карда мешавад.”

Дар охир ба донишҷӯён оид ба ин мавзӯъ саволҳо дода шуда, муаллимону донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. 

Мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 н.и.т., досент  -  Мамадҷонова Г.С. 

Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ассистент  -  Ҳотамова М.Н.

06.03.2021     511

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php