Корҳои тиббӣ ва машваратӣ:


Бештар аз 50 фоизи амалиётҳои гуногун дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аз ҷониби кормандони кафедра ба сомон расонида мешавад. Аз ҷониби кормандони кафедра амалиётҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд ва дат амалия татбиқ мегарданд. Амалиётҳо дар узвҳои ковокии шикам ва сина, гардан, рӯй, андомҳо, узвҳои миёнадевор ва паси пардаи сифоқ анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон машваратҳо дар кафедра, дар Марказ ва дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дода мешаванд. Бо хатти авиатсияи санитарӣ ҳамасола бештар аз 80-90 амалиётҳо дар дигар беморхонаҳо иҷро карда мешаванд. Кормандони кафедра дар Корвони саломатӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешавад, ба таври фаъол иштирок менамоянд.

Гузариш ба саҳифаи: