Суҳбати тарбиявӣ-омӯзишӣ

Суҳбати тарбиявӣ-омӯзишӣ
Санаи 19 январ донишҷӯени гурӯҳи 61бо иштироки ассистенти кафедра Саидмуродова Ф.Л. дар мавзӯи «Коронавирус ва пешгирии он» суҳбати тарбиявӣ-омӯзишӣ гузарониданд. Ҳамчунин донишҷӯен байни худ оиди намуди ин сироят ва тарзҳои пешгирӣ мухокима ронданд.Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани давлати Чин хурӯҷи пневмонияи атипикӣ ба қайд гирифта шуд, ки он коронавирус COVID 19 ном дорад.
Аввалин шахсони ба ин беморӣ дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулотҳои баҳрии ҳамин минтақаи давлати Чин мебошанд. Ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад.
Аз рӯйи охирон маълумотҳо моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучоршуда зиёда аз 4000-ро ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Русия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия, инчунин дар давлати Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд.
Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳоеанд, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии оддӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад.
Аломатҳои клиникии ин намуди бемории вирусӣ ин: таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ ва норасогии нафас мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин беморӣ дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд.
Аломатҳои клиникӣ (симптомҳо).Нишонаҳои клиникии сирояти COVID19 аз набудани ягон аломатҳои хоси сирояти вирусӣ ва ё аломатҳои респирпторӣ бо оризаи дистресс-синдром мебошад. Расми хоси COVID 19 ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ин намуди вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки систмеаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет, астмаи бронхиалӣ мебошанд ва ба бемории шадид оварда мерасонад.
Эпидимиология. COVID 19 вируси зоонотикӣ, яъне вирусест, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.
Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифтааст.
Пешгирӣ ва табобат.Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст.
Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аст, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд.
Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад. Инчунин, пешгирии асосии ин намуди беморӣ ин : шустании дастҳо бо антисептикҳо, изолятсия ва риоя намудани карантин бо шахсони сироятшуда, тез-тез нӯшидани оби ширгарм, баланд бардоштани иммунитет бо маводҳои иммунӣ, тарзи дуруст риоя намудани гигиенаи шахсӣ мебошад.

Кафедраи бемориҳои дарунии №2

19.03.2020     636

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php