Қадри устодат бидон…

Қадри устодат бидон…
Донишҷӯени гурӯҳи 56, фак. тиббӣ бо роҳбарии ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №2 Саидмуродова Ф.Л. дар мавзӯи «Қадри устодат бидон, то қадри худ орӣ ба ҷо» суҳбати тарбиявӣ гузарониданд.
Ҳар як шахс дар зиндагӣ устоди худро дорад. Имрӯз чи муаллиму чи духтур, чи ронанда ва чи коргару бофанда хама устодону шогирдони худро доранд. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи хама гуна роху равиш, кору фаъолият ва ҷамъи хунару истеьдодро дидан мумкин аст. Шахсоне хастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корҳоеро ба субут расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин кобилияташон боиси ифтихор аст. Воқеан муҳим аст, ки хар шахе бояд ҳамин гуна шахсияти ғамхор буда, дар зиндагй ягон амали хайреро анчом диҳад.
Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматхои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро қадршиносй карда тавонанд, зеро бе заҳмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Дар ягон давру замон бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад.
Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,

Дар боғи зиндагонй, гарди самар набошад.

Бе рохнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,

Пойи равон набошад, нури басар набошад,..
Шахсияте, ки дар зиндагии хеш хунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Муаллим ин шахси роҳнамову созкору ибратомуз ва мададрасони фарзанди инсон дар рохи ростиву росткорй ва омӯзишу бурдбориҳост.
Сари таъзим меорам ба номат ман,

Ки аз ту гаштаам шогирди доное.

Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,

Ки аз ту фахр дорам ман, кй буди солхо омӯзгори меҳрафзое.

Ф.Л. Саидмуродова, ассистенти кафедраи бемориҳоит дарунии №2
05.03.2020     2877

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php