Корҳои тиббӣ ва машваратӣ


Баротова Фируза Ҷамшедовна – муаллими калон, мутасаддӣ оид ба корҳои муолиҷавии кафедра мебошад. Кафедра дар ҳудуди МД ММТ ҶТ «Шифобахш» дар бинои №6, Маркази ҷумхуриявии клиникии бемориҳои дил ва Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологӣ ҷойгир шудааст.
Бо назардошти нақшаи таълимӣ дарсҳои амалӣ дар шуъбаҳои нефрологӣ, гематологӣ, пулмонологӣ, кардиология ва ревматологии МД ММТ ҶТ ва МЧКБД, Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологӣ гузаронида мешавад, шурӯъ мегардад.
Корҳои табобатии кафедра аз конфронсҳои пагоҳирӯзи оғоз меёбад, ки дар он беморони вазнин, нав бистаришуда, беморони таҳти назорат қарордошта ва беморони фавтида пурра таҳлил карда мешаванд .
Дотсентони кафедра бо роҳбарии мудири кафедра д.и.т. Мустафақулова Н.И. дар шуъбаҳо мунтазам гардишҳои нақшавӣ мегузаронанд ва беморони вазнинро назорат мекунанд. Ҳамаи ассистентҳои кафедра дар шӯъбаҳои махсус гардонида шуда беморонро назорат карда, 5-6 касалро роҳбарӣ менамоянд.
Дар кафедра мунтазам ёрии машваратӣ-санитарӣ дар ҳудуди МД ММТ ҶТ ва ба ҳамаи ноҳияву шаҳрҳо ва деҳот гузаронида мешавад . Ҳар моҳ аз рӯи нақша шуъбаҳо бо иштироки ҳамаи ассистентҳои кафедра ва коргарони беморхона конфронси илмии-тадқиқотӣ мегузаронанд. Ҷамолова Рухшона Ҷалолидиновна, номзади илмҳои тиб аз соли 2014 мутассадӣ оид ба гузаронидани конфронсҳои клиникӣ дар кафедра мебошад. Конфронсҳои клиникӣ барои мукаммалгардонии сатҳи дониши донишҷӯён, интернаҳо, ординаторони клиникӣ, омӯзгорон ва духтурони шуъбаҳо гузаронида мешавад. Аз рӯи нақша ҳамасола дар 1 моҳ як маротиба шӯбаҳои мутассадӣ вобаста ба масъалаҳои муосири бемориҳои дарунӣ конференсияи клиникӣ мегузаронанд. Бо натиҷаҳои конфронсҳо тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзномаи «Ворисони Сино» шинос шудан мумкин аст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php