Фаъолияти таълимӣ


Гадоев Саймухтор Ҳомидович - масъулин оид ба корҳои тарбиявии кафедраи бемориҳои дарунии №3 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мувофиқи нақшаи корӣ дар кафедра чорабиниҳо бахшида ба ҷашнвораҳои миллӣ ва санадҳои давлатӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, аз ҷумла, риояи этикаю деонтология дар фаъолияти табиби оянда мебошад. Дар ин ҷода доир ба риояи сару либос, истифодаи телефонҳои мобилӣ, масъалаҳои зиддиифротгароӣ ва терроризм, Қонунҳои “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар оид ба таълиму тарбияи фарзанд”, муносибати ҷиддӣ доштан ба сатҳи таълим, инчунин ба паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса дода мешавад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php