Фаъолияти омӯзишӣ


Ғаниева Маҳбуба Пулатовна, н.и.т., дотсент шахси мутасаддӣ оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ мебощад.
Дар кафедра донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6-уми факултети тиббӣ, донишҷӯёни курси 4-уми факултетҳои стоматологӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ дарс меомӯзанд. Омӯзиш дар шакли давравӣ мегузарад. Диққати асосӣ ба принсипҳои ташхису табобати муосир ва ёрии таъҷилӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода дода мешавад. Намоиш ва кор бо беморон дар шуъбаҳои Маркази миллии тиббии “Шифобахш” гузаронида мешавад. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра машғулиятҳои амалӣ бо усулҳои интерактивӣ (ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ ва саволномаҳои тестӣ, кор бо беморон, презентатсияву слайдҳои пурмазмун ва ғ.) гузаронида мешаванд. Аз технологияи инноватсионии замонавӣ истифодаи мултимедиа бо презентатсия ва слайдҳо дар машғулиятҳои лексионӣ қайд кардан зарур аст.
Дар кафедра мунтазам кори методӣ оид ба такмили намудҳои муосири таълим ва усулҳои назорати дониши донишҷӯён гузаронида мешавад: таҳияи дастурамалҳои методӣ; омода намудани аёниятҳо барои машғулиятҳои амалӣ омода намудани лексияҳои мултимедиявӣ оид ба масъалаҳои мубрами бемориҳои дарунӣ; тақриздиҳии дастурҳои таълимӣ-методӣ ва монографияҳо; коркарди тестҳои комютерӣ барои донишҳӯён; коркарди барномаҳои таълимӣ; мунтазам азнавсозии саҳифаи сомонаи кафедра; баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон.
Мирзокаримова Насиба Салимовна - ассистенти кафедра барои донишҷӯёни хоричӣ дарсхоро бо забони англисӣ мегузаронад. Таҳлили тадқиқотхо, табобатхо пурсиши хонандагон, малакаҳои амалӣ бо тарзи муосир гузаронида мешаванд. Як қатор маводҳои таълимии замонавӣ бозабони англисӣ васеъ истифода бурда мешавад. Версияҳои электронии китобҳои дарсӣ чунин аст: «Принсипҳои Харрисонкард тибби дохилӣ», «принсипҳо ва амалияи тибби Davidsonкард», «китобҳои дарсӣ Cecil тиббӣ», «Кумар & Кларк клиникии тиббӣ» ва ғайра.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php