Дастовардҳои кафедра.


Дараҷанокии кафедра имрӯз 36,4%-ро ташкил медиҳад, 2 докторони илми тиб, 6-то номзадони илми тиб, 2 докторанти PhD, 5 унвонҷӯёни номзадони илми тиб, 36 ординаторони клиникӣ, 6 интерн дар кафедра фаъолият доранд.
Дар таҳти роҳбарии д.и.т., дотсент, Мустафақулова Н.И. дар 5 соли охир ҳимояи 3 рисолаи номзади илми тиб ва 2 рисолаи магистрӣ, дотсент Ҳоҷиева Г.Б. ҳимояи 2 рисолаи магистерӣ карда шудааст. Кор дар болои лоиҳа «Такмили усулҳои муайянсозии омилҳои хатарнок, хусусиятҳои равиши клиникӣ ва чорабиниҳои табобатӣ-ташхисии лейкозҳои шадид ва музмин бо назардошти хусусиятҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рафта истодааст.

Гузариш ба саҳифаи: