Пешгирӣ аз вирус

Пешгирӣ аз вирус

Дар кафедраи беморихои даруни №1 бо омузгорону кормандон ва донишчуёни гуруххои 22-27 курси 4-ум оид ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ҷаласа доир шуд.

Донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, Холиқов Ш.Ф. ва Мирдадоева М.З оид ба пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 маърӯзаҳо намудаданд. Холиқов Ш.Ф. дар бораи аломатҳо ва сарчашмаи COVID-19 қайд намуд, ки СРОН (синдроми респиратории осиёи наздик) вируси бемории сироятӣ буда, бо таъсири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шудааст. Аломатҳои СРОН ин: таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад.

Донишҷӯ Мирдадоева М.З. оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 сухан ронда гуфт: “Тарзи пешгирии бемории зерин ин пушидани ниқобҳои тиббӣ, ҷамъ нашудани одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истеъмоли хурокҳои табиӣ ва витаминнок, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ (1,5-3,0 м), тез-тез шустани дастон бо собун ё маҳлули антисептикӣ, ҳангоми табларза ва сулфа доштан саривақт ба табиби оилавӣ муроҷиат кардан буда, ҳамаи моро мебояд дар риояи ин қоидаҳо беэътино набошем”. 

                                                               Кафедраи беморихои дарунии №1

3
2
1
14.10.2020     552

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php