Ватандӯстӣ аз ватанпарастӣ аст
Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Кафедраи беҳдошти муҳити зист дар мавзуи “Ватандӯстиву ватанпарастӣ” дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳои 3, 4-и курсҳои з-юми факултети НТҶ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад муаллими калони кафедра Шарипов С.Ф., Қосимова Г.Н., Қодирова А.В. ва магистрон иштирок доштанд. Ҷамъомад бо суханони ифтитоҳии муаллими калони кафедра Шарипов С.Ф. оиди ватандӯстиву ватанпарастӣ оғоз гардид: “Ватан ҳамчун модар муқаддастарин гавҳари ноёб ва ба ҷон баробар барои ҳар яки моён аст.Имрӯз бояд шукргузор аз он бошем, ки Тоҷикистони Соҳибистиқлолу азизи мо чунин зебо гаштаасту дастовардҳои хеле зиёдеро ба монанди биноҳои баланду бисёрошёна, корхонаҳои саноъатӣ, муассисаҳои таълимию мактабии миёна ва олии муосир, техника ва тенологияи навро соҳиб гаштааст. Беҳуда нест, ки олимону бузургон ва шоирон дар васфи ватан ин қадар суханони зебою, шеъру ғазалҳоро навиштаанд. Тавре,ки дар боло зикр намудем ҳар як шахс Ватани хешро ҳамчун Модар дониста, бояд ба мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорад.”
Дар фарҷоми ҷамъомад донишҷӯён дар васфи Ватан шеър хонданд ва аз тарафи омӯзгорон бо баҳои хуб сазовор гаштанд.
Мудири кафедраи беҳдошти муҳити зист д.и.т. Хайров Ҳ.С.
Мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявии кафедра муаллими коромӯз Қодирова А.