Пешгирӣ аз беморӣ

Дар Кафедраи беҳдошти муҳити зист МДТ “Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар мавзӯи “Пешгирӣ бар зидди паҳншавии бемории коронавирус” бо роҳбарии мудири кафедра Хайров Ҳ.С., муаллими калони кафедра Шарипов С.Ф. ва бо иштироки омӯзгорони ҷавони кафедра, магистрон, донишҷӯёни курси 4-ум, гурӯҳҳои 1-2-юми факултаи НТҶ ҷамъомад баргузор гардид. Дар аввал мудири кафедра Хайров Ҳ.С. доир ба роҳҳои паҳншавии бемории коронавирус, хатари он, табобат, чораҳои пешгирӣ ва оқибати ин беморӣ ба донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Устод қайд намуд, ки “чораи аз ҳама муҳими пешгирии ин беморӣ - риояи қоидаҳои гигиенаи шахсии ҳар як фард мебошад. Мо табибон, ки солимии ҷомеъа дар дасти мо аст, вазифадорем , ки ин қоидаҳоро риоя кунем.”

Дар охир муаллимон ба суолҳои донишҷӯён посухи аниқ дода, боз як бори дигар риояи гигиенаи шахсиро ба онҳо ёдрас намуданд. 

Мудири кафедраи беҳдошти муҳити зист    д.и.т.       Хайров Ҳ.С.

Мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявии кафедра муаллими коромӯз    Қодирова А.

05.10.2020     497

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php