Фаъолияти омӯзиши


Дарсҳои тавассути системаи кредитӣ бо истифодаи технологиягоҳои навини омӯзиш гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва амалӣ барои донишҷӯён ва муаллимон маводҳои лексионӣ, коркардҳои илмию таълимӣ, саволҳои санҷишӣ оиди назорати дарсазхудкунӣ, масъалаҳои вазъиятӣ, барномаҳои корӣ ва маводҳои тақсимотӣ таҳия шудааст.
Вазифаҳои асосии кафедра ҳангоми гузаронидани дарсҳо аз фанҳои зерин:
Беҳдошти коммуналӣ:
1. Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии таъсири муҳити атроф ба саломатии аҳолӣ, хусусан обтаъминкунӣ, хок ва ҳавои атмосферӣ;
2. Тавонистани таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти асбобию лабораторӣ (микроиқлим, рӯшноӣ, ғалоғула, ларзиш, майдони электромагнитӣ) ва пешниҳоди хулосаи беҳдоштӣ;
3. Азхудкунии малакаҳои амалӣ оиди гирифтани намунаи хок, об, ҳавои атмосферӣ, ҳавои биноҳои беморхона ва биноҳои ҷамъиятӣ барои таҳлил;
4. Азхудкунии ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ барои гузаронидани назорати санитарии огоҳкунанда ва ҷорӣ.
Беҳдошти меҳнат:
1.Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии таъсири омилҳои муҳити истеҳсолот ва шароити корӣ ба саломатии кормандон;
2.Тавонистани ташкили гузаронидани тадқиқоти асбобию лаборатории омилҳои муҳити истеҳсолот ва шароити кор бо таҳлили натиҷаҳо (заҳролудшавии ҳаво, микроклимат, рӯшноӣ, ғалоғула, ларзиш, майдони электромагнитӣ, сарборшавии кор ва ғ ).
3. Азхудкунии малакаҳои амалии баҳисобгирӣ, сабт ва тадқиқоти заҳролудшавӣ ва бемориҳои касбӣ, коркарди омории маълумотҳо оиди беморӣ бо корношоямии муваққатӣ;
4.Азхудкунии ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ барои гузаронидани назорати санитарии огоҳкунанда ва ҷорӣ нисбати иншоотҳои истеҳсолӣ;
Беҳдошти хӯрока:
1.Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии талаботҳои физиологӣ ба моддаҳои ғизоӣ ва энергия;
2.Ташаккули тавоноии донишҷӯён нисбати пешгирии бемориҳои бо маводҳои ғизоӣ алоқа дошта;
3.Гузаронидани тадқиқот оид ба ҳолати хӯрокхӯрии аҳолӣ, нерӯи ғизоии хӯрок ва бехатарии маҳсулотҳои хӯрока;
4.Азхудкунии малакаҳои амалӣ барои ташкили хӯрокхӯрии дурусти шахсони солим ва бемор, инчунин гузаронидани назорати давлатии санитарӣ;
Беҳдошти кӯдакон ва наврасон:
1.Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии фаҳмиши дурусти таъсири омилҳои муҳити атроф ба саломатии кӯдакон;
2.Тавонистани таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти асбобию лаборатории либос, пойафзол, мебел, китоб, маводҳои хониш ва бозичаҳои кӯдакона;
3.Таҳияи маҷмӯи чорабиниҳои асоснокшуда оиди таъмини шароити муътадили хониш ва зиндагии кӯдакону наврасон;
4.Азхудкунии малакаҳои амалӣ барои гузаронидани назорати санитарии муассисаҳои таълимии кӯдакона.
Беҳдошти радиатсионӣ:
1.Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии таъсири манбаҳои нурафканишотҳои ионӣ ба саломатии коргарон ва аҳолӣ;
2.Азхудкунии ҳуҷҷатҳои қонунгузории назорати санитарӣ дар самти беҳдошти радиатсионӣ;
3.Азхудкунии услубҳои истифодаи асбобҳои ченкунандаи нурҳои радиатсионӣ;
4.Азхудкунии малакаҳои амалӣ барои иҷрои вазифаи духтури санитарӣ дар самти беҳдошти радиатсионӣ.
Асосҳои мустаҳкамкунии саломатӣ:
1.Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии технологияҳои гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ оиди ҳифз ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ;
2.Донистани асосҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва музмини ғайрисироятӣ;
3.Азъхудкунии ҳуҷҷатҳои асосии қонунгузорӣ дар самти мустаҳкамкунии саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
4.Азхудкунии малакаҳои амалӣ барои иҷрои вазифаи духтури нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Беҳдошти умумӣ:
1.Азхудкунии таъсири мутақобилаи организми инсон бо муҳити атроф ва таъсири омилҳои табиию ҷамъиятӣ ба он;
2.Азхудкунии асосҳои назариявӣ ва амалии таъсири ҳолати ҳавои атмосферӣ, шароитҳои табиӣ-иқлимӣ ва микроиқлими муҳит ба саломатии инсон;
3.Азхудкунии ҳуҷҷатҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ, қоида ва чорабинҳо оид ба мустаҳкамкунии саломатии ҷомеа;
Беҳдошти ҳарбӣ:
1.Азхудкунии масъалаҳои асосии гузаронидани чорабиниҳои беҳдоштӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, махсусият ва таркиби алоҳидаи чорабиниҳо, маводҳои техникии таъминоти беҳдоштии қисмҳои ҳарбӣ;
2.Азхудкунии ташкил ва идоракунии маҷмӯи таъминоти беҳдоштии қисмҳои ҳарбӣ, таркиб ва ташкили назорати санитарӣ дар қисмҳои ҳарбӣ;
3.Азхудкунии таъсири омилҳои муҳити атроф ва меҳнат ба саломатии сарбозон.
Диққати зиёд ҳангоми ҷараёни таълим ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён дода мешавад. Донишҷӯёни курсҳои 2 4 корҳои мустақилонаи худро дар мавзӯъҳои ҳолати муҳити атроф, шароити меҳнат ва дарсҳо, мушкилотҳои беҳдошти хӯрока, оиди муҳимияти гузаронидани чорабиниҳои санитарию беҳдоштӣ тайёр намуда дар ҷаласаҳои маҳфили олимони ҷавони кафедра бо иштироки зиёда аз 15 20 донишҷӯ ироа карда мешаванд. Донишҷӯёни курсҳои 5 6 санҷишҳои амиқи иншоотҳои коммуналӣ, истеҳсолӣ, хӯрока, муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ, муассисаҳои табобатию пешгирикунанда ва ғайраро мегузаронанд.
Барои ёрӣ ба донишҷӯёни факулта ва омӯзгорони кафедра барномаҳои корӣ ва таълимӣ (силлабус) бо забонҳои давлатӣ ва рӯси коркард карда шудааст. Курси лексияҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, коркарди таълимӣ-методӣ ва тавсияҳои таълимӣ-методӣ аз фанҳои асосҳои мустаҳкамкунии саломатӣ, бехдошти кӯдакон ва наврасон тайёр ва чоп шудааст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php