Забон ҳастии миллат

Забон  ҳастии миллат

Санаи 18.10.2020. аз тарафи муаллимаи калони кафедра н.и.т. Норматова С.И. дар мавзӯъи «Забон ҳастии миллат» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни бахши 4- уми факултаи педиатрӣ гурӯҳҳои 1-2 мизи мудаввар доир гардид. Дар ин ҷаласа оиди гиромидошти забони давлатӣ ва нақши он дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи муаллима суханрони карда шуд. Зимни суханронии хеш муаллима қайд карданд, ки забони давлатӣ яке аз падидахои таърихии замони истиклол буда рушду ташаккули пайвастаи   он   мухимтарин   рамзи истиклолияти давлативу сиёси мо ба хисоб меравад. Зеро махз истиклолияти забони давлатӣ, пояи   истиклолхои   кишварамонро зина ба зина вусъат медихад.

Аз ин рӯ ҳамасола 5- октябр рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта ки он бафеҳристиҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Аз ин рӯ мо омӯзгоронро месазад, ки барои ташаккул додани забони давлатӣ ва   гиромидошти ин забони кӯҳанбунёд ҳамеша дар байни донишҷӯён машваратҳо доир намоем ки ин ҳам бошад барои баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо инчунин барои муарифи намудани забони давлатӣ дар байни онҳо ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимтарини давлатдори ба шумор меравад.

20.10.2020     527

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php