Таърихи кафедра


Кафедраи асабшиносӣ яке аз ҷузъҳои сохтории МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, фаъолияти хешро соли 1941 дар пайвастаги бо кафедраи равонпизишкӣ оғоз намудааст, ки сарварии онро олими донишманд М.Я. Серейский ба ӯҳда дошт.

Соли 1942 кафедра ба ду қисмат ҷудо шуда сарварии он ба зиммаи А.С. Пенсик вогузор мегардад, ки барои хизматҳои шоёнаш ба унвони баланди давлати «Корманди шоистаи илмӣ» сарфароз гардонида шудааст. Дар ин давра асабшиносон ва олимони шинохта, чун дотсент Ф.М. Лиситса, духтурҳо Н.М.Репин, Б.Т. Мамкин, Слусский, Е.С. Борзюк, Е.Н. Крилова буданд, ки онҳо бо меҳнати фидокоронаю таҷрибаи бой инчунин таҷрибаи илмию педагогӣ ва табобатии худ, дар кори ташкил ва рушди минбаъдаи ин соҳаи басо муҳим мусоидат намуданд.

Ҳайати кафедра дар солҳои 50-ум аз ҳисоби мутахассисони варзида, чун А.М. Пулодов, Е.Н. Кутчак, А.Х.Файзуллоев, М.К.Ќаюмова, Р.А. Гершович, П.С. Мовсесян, Т.И. Хоҷаева, И.Ю.Алимов, А.Т. Юнусова, М.К. Максунова, О.И.Дубровина, Л.В.Животкова, Г.Н.Окулова ва дигарон ба маротиб афзуд. Аз соли 1963 то соли 1991-ум кафедраро А.М. Пўлодов, шогирди асабшиноси машҳури ҷаҳон академик Е.К. Сепп роҳбарӣ менамояд. Вай роҳи илми асабшиносиро аз ординатори клиникӣ, аспиранти клиникаи бемориҳои асаби ба номи А.Я. Кожевникови Академияи тиббии Москва, докторанти донишгоҳи ҷарроҳии асаб ба номи Н.Н. Бурденко то профессор, Корманди хизматнишондодаи илми ҶТ, тай намудааст. Ӯ аз ибтидои фаъолияти меҳнатиаш ба тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ диққати махсус медиҳад. Бо дастгирии ӯ тақрибан дар як вақт рисолаҳои номзадии худро А.Х. Файзуллоев, Т.И. Хоҷаева, А.Т. Юнусова, М.К. Максунова дифоъ намудаанд.

Дониши бои илмӣ, таҷрибаи андӯхтаи корӣ дар муассисаҳои бузурги ш. Москваро, А.М.Пўлодов бо тамоми ҳастӣ дар хадамоти асабшиносии миллии ҷумҳурӣ ривоҷ дода, ба он шохаи мавқеъӣ-ташхисӣ медиҳад, зеро баҳодиҳии осебҳои нозотопии системаи асаб танҳо дар сурати мавҷуд будани усулҳои ёрирасони воқеъии илмӣ имкон дорад, ки мутаассифона чунин мутахассисон набуданд. Аз ин рӯ бо ибтикори ӯ як даста духтурҳои ҷавон ба мисли С.Д.Додхоев, Д.Р.Исмаилов, М.Мулохоҷаев, М.Ю.Юсуфҷонов, Г.К.Пўлодова, М.Р.Зияева, Н.В.Сафян, С.Г. Попандопуло, А.А. Каломейсева барои тайёрии махсус ба Москва фиристода мешаванд.

Пас аз хатм, онҳо ба ҷумҳуриамон чун мутахассисони варзидаи соҳаи худ баргашта, фаъолона дар коркарди корҳои ташкилӣ ва ташхисӣ ҳамроҳ гашта, озмоишгоҳҳои мавҷударо васеъ намуда, озмоишгоҳҳои навро барои электрофизиология (ЭЭГ, РЭГ, ЭМГ, ЭХО-ЭГ), ҳуҷраи нейропсихология, нейроофталмология, отоневрологияро поягузорӣ менамоянд. Ин хадамот дар кори илмӣ-ташхиси нақши муассир бозида, сатҳи таълимӣ-педагогӣ ва машваратиро баланд бардоштааст. Дар ин давра асоси молии клиника, ҳайати таълими, муҷаҳазсозии маҷтамаҳи озмоишгоҳ ба маротиб афзудааст. Миқдори рахтҳо то ба 150 афзудааст.

А.М.Пӯлодов ба асабшиносии давраи тифлӣ диққати махсус медиҳад, онро ба ҳайси хадамоти махсусгардонидаи алоҳида медонад. Аввалин бор дар Душанбе бахши асабшиносии бачагона иборат аз 60 кати хоб боз мешавад, ки 20-тои он бо таҷҳизоти махсус барои кўдакон ҷиҳонида мешавад. Ҳамин гуна бахшҳо иборат аз 20 кати хоб дар марказҳои вилоятҳо боз карда шудааст. Ҳамзамон мутахассисони илмӣ-педагогӣ аз ҳисоби педиатрҳо, чун Т.И.Хоҷаева, Ш.Ф. Раҷабалиев, И.Ю. Олимов, С.М.Мирзоева, А.Б.Бобоев, Н.Б.Хусайнҷонова маҳз дар ин дарвра таҳти сарварии эшон тайёр карда шудаанд.

Дар соли 1968 тибқи талаботи замон номи кафедра ба кафедраи бемориҳои асаб ва асосоҳои ирсияти тиббӣ табдил дода шуда, дар ин самт фаъолияти хешро дар кори тайёр намудани мутахассисони махсус доманадор сохт ва ба номгўи лекцияҳо ва дарсҳои амалӣ давраҳои нав оид ба генетикаи тиббӣ ва ва бемориҳои ирсии системаи асаб ворид карда шуда дар ин самт ҷустуҷӯйҳои илмӣ давом дода шудаанд.

А.М.Пӯлодов ба масоили васеъи асабшиносӣ минтақаи мазкур, чун ошкоршавии клиники пас аз зукомии арахноидҳои мағзӣ, сактаи мағз бо варамҳои дуруғравия, қонуниятҳои осебҳои интихобӣ ҳангоми полиомиэлит, ботулизм, этиологияи брюселез, парешонхотирӣ, бемории саръ ва кундзабонӣ диққати махсус медиҳад.

Ҳамзамон як қатор кормандон дар маҷмўъ соҳаҳои мухталифи халалҳои ҷиддии гардиши хун дар мағз, чун масоили терапияи патологи (С.М. Мирзоева), таъғиротҳои ликворологи (О.Я. Илябаев), тавсифи иммунологи (Г.Р. Ҳодибоева), нақши уфунатҳои персисти дар пайдоиши онҳоро (Б.Д. Муҳаммадова) мавриди омўзиш қарор медиҳанд ва дар ин ришта ҳимояҳои илмӣ ба анчом мерасонад.

Пас аз профессор А.М.Пӯлодов аз соли 1991 то соли 1995 клиникаро профессор Олимов И.Ю. ва аз соли 1996 то соли 2001 досент Ҳошимов Р.А. роҳбарӣ намудаанд. Соли 2001-ум то соли 2007 кафедраро д.и.т. профессор, корманди шоистаи ҶТ Наҷмидинова М.Н. роҳбари менамояд. Бо роҳбарии ӯ дар кӯтоҳтарин муддат Наимов Р.К. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Зоҳиршавии бемориҳои асаби нашвӣ ҳангоми амрози сутунмӯҳра» бар анҷом расонида шудааст.

Аз сентябри соли 2007-ум роҳбарии кафедра ба зиммаи олими ҷавон доктори илмҳои тиб Раҳматулло Азизович Раҳмонов вогузор гардид. Фаъолияти кафедра аз сари нав рӯ ба инкишоф мениҳад. Ӯ ҳамчун дастпарвари мактаби асабшиносии тоҷик бо ҳамкори бо донишкадаҳои пешрафти асабшиносӣ аз қабили Донишкадаи илмию-тадқиқотии асабшиносии Академияи илмҳои тиббии Россия, ш. Маскав (З.А.Суслина), Донишкадаи илмию тадқиқотии ирсиятшиносии дар шаҳри Томск будаи Академияи илмҳои тибии Россия (В.П. Пузирёв), ҳамкориҳо намуда, тадқиқотҳои якҷояи илмиро дар давраи баъд аз пошхурии Шуравӣ, барқарор намуда дар омӯзиши як қатор бемориҳоӣ ирсӣ дар сатҳи баланди ташхисӣ аз нигоҳи ҳуҷайраҳо ба роҳ монд.   

Ҳамзамон профессор Раҳмонов Р.А. узви вобастаи маҷаллаву таълифоти ватаниву хориҷӣ аз қабили маҷаллаи "Атмосфера Нервные болезни", аъзои таҳририяи мушовараи "Нигаҳдории Тандурустии Тоҷикистон" ва "Паёми Сино", аъзои маҷаллаи илмӣ-амалии "Неврология и нейрохирургия в Белорусии", соли 2010 муовини раиси комиссияи проблемавии байникафедравӣ аз рӯи "Бемориҳои даруна", соли 2011 аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои байналмиллалии мактаби олӣ дар Тоҷикистон, соли 2016 Вице - президенти Академияи илмҳои тибби ВТ ва ҲИА ҶТ.

Раҳмонов Р.А. муаллифи 219 мақолаҳои илмӣ, дар он хусус 7 монография ва дастурамал, 16 маводҳои таълимӣ буда, бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида шудаанд: соли 1996 - бо унвони "Аълочии тандурустии Ҷумҳуриии Тоҷикистон", соли 2009 - "Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва соли 2011 бо нишони фахрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Хизмати Шоиста" сарфароз гардонида шудааст. Дар 15 соли охир зиёда аз 70 маърӯзаҳои илмӣ дар форумҳои сатҳи баланди асабшиносӣ, аз он ҷумла 20 маърӯза дар конференсияҳои байналмиллалӣ пешниҳод намудааст. Таҳти роҳбарии Р.А. Раҳмонов 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидааст. Бо саъйи шодравон Устод раҳматулло Азизович Ҷамъияти асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон "Нейрон" ташкил карда шуд, ки ин тамоми асабшиносони ҷумҳуриро муттаҳид намуд.

Бо ташаббуси профессор Р.А. Раҳмонов дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ китобхонаи асабшиносӣ ба номи профессор А.М. Пӯлодов, ки китобхонаи МДТ "ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино" мебошад, ифтитоҳ гардид. Моҳи майи соли 2018 нахустин Анҷумани асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва сайъу талошҳои Р.А. Раҳмонов баргузор гардид, ки дар он олимони асабшинос аз давлатҳои гуногуни хориҷӣ ширкат варзиданд.

Соли 2018 баъд аз профессор Р.А.Раҳмонов тарбиягирандаи ҳамин кафедра, номзади илми тибб Ғаниева М.Т. кафедраи асабшиносиро ба ӯҳда мегиранд. Таҳти роҳбарии Ғаниева М.Т. теъдоди маводҳои хониш аз қабили китоби дарсӣ, монографияҳо ва дастурамалҳои методиву таълимӣ ба қадри кофӣ афзуда, устодон ва шогирдони кафедра, дар конфронсҳои дохиливу беруни фаъолона иштирок доштанд. Инчунин, ассистентони кафедра Исоева М.Б. ва Зарипов Н.Р. рисолаи номзадии худро дар ин давра ҳимоя намуданд. Соли 2023 пас аз хизматҳои содиқона дар ҷодаи корҳои таълимӣ ва илмӣ Ғаниева М.Т., унвони досентиро сазовор гардиданд. Бояд ќайд намуд, ки дар давоми роҳбарии Ғаниева М.Т., аз соли тахсили 2021-2022 кафедраи психиатрия ва психологияи тибби ба номи М.Г.Ғуломов бо кафедраи асабшиноси ва ирсияти тибби бо қарори Шурои Олимони донишгоҳ якҷоя карда шуда, кафедраи асабшиноси, психиатрия ва психологияи тибби ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов номгузорӣ карда шуд.

Бо саъйу кӯшиш ва дастгирии мунтазами Ғаниева М.Т. ин ду соҳа муттаҳид гардида дар роҳи ривоҷу равнақи кафедра якчоя талош меварзанд. Дар ин давра корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи асабшиносӣ ва равоншиносӣ ва илмӣ-педагогиро хубтар ба роҳ монда, корро дар кафедра ҷоннок гардонд. Бо роҳбарии н.и.т., дотсент Ғанизода М.Т. рисолаи номзадии ассистентони ҷавон Асилова Н.Ғ. ва Фирӯзаи И. ҳимоя шуд.

Дар давраи роҳбарии мудири кафедра н.и.т., дотсент Ғанизода М.Т.,

 

Бояд зикр кард, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри донишомӯзии донишҷӯён толори лексионӣ, синфхонаҳо, китобхонаи кафедра ва долонҳо бо лавозимоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида шуда, аз таъмири капиталӣ баромадаанд. дар давраи сардории Ғанизода М.Т. долону синфхонаҳои кафедра чанд маротиба пурра таъмир шудаанд, ки ин барои дарсомӯзии донишҷӯён шароити мусоидро фароҳам меорад. Барои такмил додани дониши устодон ва шогирдон ҳамкории илмии хешро бо донишгоҳҳои берунаи кишвар аз қабили кафедраи асабшиносии шаҳри УФА-и ФР ва шаҳрҳои Тошкент, Самарқанд ва Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон

Ҳамзамон боиси қайд аст, ки кафедраи асабшиносӣ бо кафедраҳои шаҳрҳои Ташкент, Самарқанд ва Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон хуб ба роҳ монда аст.

                         

Ҳоло дар кафедра мудири кафедра н.и.т., дотсент Ганизода М.Т. профессор Начмиддинова М.Н., дотсентон Исрофилзода М.О., дотсент Исаева М.Б., н.и.т., докторант PhD Зарипов Н.А., Асилова Н.Ғ., Фирузаи Искандарӣ муаллимони калон: Асоев М.М., Холматова Г.К., Давлатмирова Г.Ш. ассистентҳо Точиддинов Т.Б., Рабоева Ш., Ҷобирзода А.Б., Саидов П.А. ва дигарон фаъолият доранд.

 



Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php