Фаъолияти таълимӣ


Фаъолияти таълимӣ
Дар кафедра машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ аз фанни асабшиносӣ барои донишҷӯёни курсҳои 4 факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва НТҶ гузаронида мешавад. Таълим дар мувофиқат бо барномаи таълимӣ гузаронида шуда, бо назардоштӣ хусусиятҳои ҳар як факулта, хусусияти фаъолияти мутахассисони оянда бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи барномаи таълимии кафедра дар соли хониши 2019-2020 дар кафедра бакалаврҳои гурӯҳҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки ду нафар аз омӯзгорон бо онҳо бо забони англисӣ дарс мегузаранд. Дар ҳар як аудиторияи таълимӣ компютерҳо гузошта шудааст, ки омӯзгорон дар раванди дарсҳои амалӣ аз мультимедиа истифода мебаранд. Дар раванди дарсҳои амалӣ омӯзгорон аз айёниятҳои таълимӣ: овезаҳо, муляжҳо ва асбобҳои ташхисотии соҳаи асабшиносӣ истифода мебаранд. Инчунин донишҷӯён дар назди бистарӣ беморон корҳои мустақилона мегузаронанд, таърихи беморӣ менависанд. Дар доираи мавзӯҳои барномаи таълимӣ усулҳои иловагии ташхисот дар асабшиносӣ мавҷудаст, ки бевосита омӯзгорон бо донишҷӯён дар озмоишгоҳҳо, утоқҳои ташхисоти ТМР, ТК, ЭЭГ дарсҳои амалӣ ва кори мустақилонаро мегузаронанд. Дар кафедра ординаторони клиникӣ ва интернаҳои кафедра фаъолият менамоянд, ки бо онҳо дарсҳои назариявӣ ва семинарӣ гузаронида мешавад. Онҳо мустақилона беморонро курратсия мекунанд, дар клиника навбатдорӣ менамоянд. Инчунин дар кафедра аз соли 2015 курси такмили ихтисос оид ба масъалаҳои мубрами асабшиносӣ, аз ҷумла дар мавзӯҳои “Бемории саръ”, “Асосҳои ирсияти тиббӣ ва бемориҳои ирсии системаи асаб”, “Вайроншавии шадиди хунгардиши мағзи сар”, “Фалаҷи кӯдаконаи мағзисарӣ” ва “Бемориҳои системаи асаби канорӣ” барои духтурони асабшиноси муассисаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст.
Кори таълимӣ-методӣ.
Аз тарафи омӯзгорони кафедра дар давоми соли хониш 6 дастурамал бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ омода карда шуд, ки худи омӯзгорон дар раванди дарсҳои амалӣ истифода мебаранд. Як монография дар мавзӯи “Триходесмотоксикоз” аз чоп бароварда шуд. Дар соли хониши нав кормандони кафедра тасмим гирифтанд, ки барои факултаи педиатрӣ як дастурамали таълимӣ ва 3 дастурамали методӣ барои факултаи тиббӣ омода созанд.

Гузариш ба саҳифаи: