Фаъолияти таълимӣ


Мувофиқи нақшаи аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ аз санаи 29 августи соли 2018 тасдиқшуда, дар кафедра чорабиниҳои зерин баррасӣ шуданд:
1. Гузаронидани Рӯзи дониш дар байни донишҷуён аз ҷониби кормандони кафедра.
2.Шиносоии донишҷуён бо таърихи кафедра, гузаронидани суҳбатҳо оиди тартибу интизом ва намуди зоҳирии донишҷӯ дар муассисаҳои табобатӣ.
3. Дар моҳи сентябр ҷашн гирифтани Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4.Ҳафтаи аввали моҳи октябр гузаронидани Рӯзи муаллимон.
5.Омодагӣ бо ҷашни 27-солагии истиқлолияти ҶТ
6.Мунтазам гузаронидани суҳбатҳо оиди баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути радио ва телевизион, омӯзиши асарҳои роҳбари давлат.
7.Дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар кафедра қайд намудани идҳои Соли нав, Рӯзи Артиши миллӣ, Иди занон, Иди Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи умумиҷаҳонии сиҳатии омма, Иди ҷавонон.
8.Дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар кафедра қайд намудани солгарди 22-юми Рӯзи Ваҳдат, Даҳсолаи байнатмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028.
9.Иштирок дар шанбегиҳо ва чорабиниҳои дар донишгоҳ баргузоршаванда.
10.Танзими ҷашну маросимҳои расмӣ ва оилавӣ.
11.Паёми Пешвои миллат – роҳнамои зиндагии шоистаи мардум.
12.Суҳбат дар мавзӯи «Терроризм»
13.Пешниҳоди нақшаи кори тарбиявии кафедра барои соли хониши 2017-2018 ба Шуъбаи тарбияи Донишгоҳ.
Бар замми ин ҳар моҳ доир ба чорабиниҳои гузаронидашуда ба сомонаи донишгоҳ мавод пешниҳод мегардид. Диққати асосӣ ба тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, баланд бардоштани сатҳи маданию маърифатии донишҷӯён, баррасӣ ва муҳокимаи сиёсати дохилию хориҷии давлат дода мешуд.
Дар соли таҳсили 2019-2020 стендҳо бо усули баннерӣ «Қаҳрамонони Тоҷикистон», «Муқаддасоти миллӣ» аз нав омода шуданд.
Ҳамарӯза кормандони кафедра дар дарсҳои амалӣ ва лексияҳо 5-10 дақиқа авали дарсро оиди риояи тартибу интизом дар донишгоҳ ва кафедра,одоби муошират ва шомил шудан ба гуруҳҳои ифротгарӣ, оиди бегонапарастӣ ва риояи сару либоси миллӣ суҳбатҳо гузаронида мешуданд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php