Фаъолияти илмӣ


Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи мавзуи лоиҳаи фармоишӣ «Ҷарроҳии инноватсионӣ дар ковокии шикам» (муҳлат: солҳои 2016-2020) ба роҳ монда шудааст.
Унвонҷӯи кафедра Абдуллоев Дилшод Дилмуродович таҳти роҳбарии профессори кафедра, д.и.т. Қурбонов Ҳ. Ҳ. айни замон омодагӣ ба апробатсия дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони кафедра ҳамагӣ 16 адад мунташироти илмӣ-методӣ чоп шудааст.
Мавҷудияти МИД дар кафедра, шумораи иштирокчиёни МИД, суратҷаласаҳои МИД дар давоми сол
Мутасаддии гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён ассистенти кафедра Мавлонов Ф.Б. мебошад. Дар соли ҳисоботӣ шумораи умумии аъзоёни Маҳфили илмии донишҷӯён (МИД) 14 нафар буд, яъне нисбати соли пештара каме коҳиш ёфтааст. Аз ин ҷумла шумораи донишҷӯёни курси 6-уми факултаи тиббӣ 9-12 нафарро ташкил медод. Дар ин муддат 8 ҷаласа гузаронида шуд, ки дар онҳо мавзуъҳои бо кафедра мувофиқашуда баррасӣ гардиданд. Дар соли ҳисоботӣ бо иштироки бевоситаи мутахассисони ҷавони кафедра ва аъзоёни МИД 8 маротиба ҷарроҳиҳои таҷрибавии гуногун (дар заргӯшҳо) доир ба пайвандсозии гурдаю ҷигар ва ҷарроҳии умумию дохилибатнӣ гузаронида шуданд. Бояд қайд намуд, ки онҳо дар заминаи шуъбаи таҷрибавии назди кафедра гузаронида шуданд. Инчунин аъзоёни фаъоли МИД дар ҷарроҳиҳо ва захмбандии беморон иштирок варзиданд, баъзеи онҳо моҳҳои охири соли таҳсил то 3-5- маротибагӣ бо омӯзгорони масъул дар шуъба навбатдорӣ намуданд. Ғайр аз ин, бо аъзоёни МИД беморони ҷарроҳишаванда, ки аз нигоҳи илму амалияи ҷарроҳии муосир шоёни таваҷҷуҳи хоса буданд, муҳокима шуданд. Бояд зикр намуд, ки аъзоёни МИД дар конфронсҳои илмии донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ фаъолона иштирок варзида, маърӯзаҳои ҷолиб низ карданд.
Миқдори маърӯзаҳо дар ҷамъомадҳои МИД дар давоми сол
Ҳамагӣ 36 маърӯзаи илмию амалӣ аз тарафи донишҷӯён карда шуд. Барои аъзоёни МИД дар клиника 12 дарси семинарӣ ва 5 ҷарроҳии махсуси таълимӣ гузаронида шуд.
Миқдори маърӯзаҳо дар конфронси илмии донишҷӯёни ДДТТ
Дар соли 2019 аз номи кафедра 4 донишҷӯ бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Гузариш ба саҳифаи: