Таърихи кафедра


Соли 1955 дар ҳайати кафедраи ҷарроҳии факултативии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино” бо роҳбарии табиби Хизматнишондодаи ҷумҳурӣ д.и.т., профессор З.П. Ходжаев аввалин маротиба дар Тоҷикистон 15 кати ҷарроҳии асаб ба фаъолият шурӯъ кард. Ба ин кор З. П. Ходжаев коркунони тиб: И.И.Липатсев, М.К.Максумова, С.Г. Попалдупова, Л.Б.Сергеев, И.Е.Дедунов, И.Ю.Данский, Р.Н.Нарзуллоев, А.В.Вохидов, Р.М.Муродов, С.Д.Шамсиевро ҷалб кард. Тайёр кардани кадрҳо дар донишгоҳи илмӣ- тадқиқотии ҷарроҳии асаб, шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев гузаронида мешуд. Бо гузаштани айём хизмати ҷарроҳии системаи асаб ба дастовардҳо ноил гардид. Дар аввал, дар шаҳри Душанбе соли 1968 дар ҳайати БЧК ба номи А.М.Дяков баъдан дар шаҳри Хучанд (Ленинобод) (1973) дар клиникаи беморхонаи шаҳрӣ ба ҳаҷми 40 кат. Бохтар (Кӯргонтепа) (1995) дар ҳайати беморхонаи шаҳри 30 кат ва дар шаҳри Кулоб (1995) бо ҳаҷми 20 кат шуъбаҳои махсусгардонидаи амалиёти ҷарроҳии асаб кушода шуданд. Ҳамчунин дар ҳайати шуьбаҳои чарроҳии умуми ва шикастабандии бемориҳои ноҳиявии ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Б.Гафуров, Исфара, Нов, Ҳисор, Ашт, Турсунзода, Ёвон, Ваҳдат, Норак ва Рашт аз 7 то бист катҳои ба амалиётҳои ҷарроҳии асаб вобаста шуда, кушода шуда фаъолият доранд.
Соли 1976 дар заминаи шуъбаи ҷарроҳии асаби БҶК ба номи А.Н.Дяков бо роҳбарии дотсент И.И.Липатсев курси мустақили ҷарроҳии асаб ташкил карда шуд, ки он маркази корҳои ташкили – методӣ буда, ёрӣ ва маслиҳатҳои табобатии баландихтисоси махсус мерасонад. Асоси ҷарроҳии асаб соли 1986 дар ҳайати БЧК ба номи А.Н.Дяков аз ҳисоби кушода шудани шуъбаи кудаконаи ҷарроҳии асаб ба ҳаҷми 30 кат васеъ карда шуд. Курси ҷарроҳи асаб таҳти роҳбарии дотсент Липатсев И.И. то соли 2000 фаъолият дошт.
Аз соли 2000 то 2012 мудири кафедраи ҷарроҳи асаб доктори илмҳои тиб, профессор А.Чобулов буд.
Аз соли 2012 то ҳол кафедраи ҷарроҳи асаб таҳти роҳбари доктори илмҳои тиб профессор Р.Н.Бердиев фаъолият мекунад.
Дар соли 2003 курси ҷарроҳии асаб номи кафедраи ҷарроҳи асаби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифт.
Дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз санаи 28.01. соли 2016, №6 бо назардошти тағйиру иловаҳо ба нақша ва барномаҳои таьлимӣ, кафедраи «Ҷарроҳи асаб» кафедраи «Ҷарроҳи асаб ва садамаҳои омехта» номида шуд.
Дар айни замон кафедраро доктори илмҳои тиб, профессор Бердиев Р.Н роҳбарӣ менамояд. Дар кафедраи ҷарроҳии асаб 2-доктори илми тиб (Бердиев Р.Н., Ашуров Р.Г.) 5- номзади илми тиб (М.Н. Бобоҷонов., Х.Дж. Рахмонов., Э.С.Хусаинов, Ш.А. Турдибоев, И. Хабибов) ва ассистент Р. Садиев кору фаъолият дорад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php