Корҳои муолиҷавӣ


Дар ҷумҳурӣ ҳама усулҳои ҳозиразамони ташхис ва табобати бемориҳои системаи асаб ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла усулҳои дақиқи ҳозиразамон, чун томографияи компютери (КТ), резонанси магнити (МРТ),. Хаммаи ҷарроҳиҳои системаи асаб (косахона ва мағзи сар, сутунмуҳра ва ҳароммағз) бо истифодаи микроскопи операциони (операционный микроскоп современного поколения “ OPMI VARIO ” асабҳои микроҷарроҳи ва усули эндоскопи гузаронида мешавад.
Ҳамасола дар кафедра 120-150 ҷарроҳи омоси мағзи сар 400-450 ҷарроҳии чурраи байни муҳраҳо остеохондрози сутунмӯҳра, 30-40 бемориҳои гидросефалия ва чарроҳиҳои модарзоди ҳароммагз ва дигарон гузаронида мешавад.
Кормандони кафедра дар корхои табобатӣ ва машваратӣ, дар корҳои кафедра ва минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолона иштирок мекунанд. Кормандони кафедра ҳангоми расонидани ёрии тиббӣ ба осебдидагон дар ҳамаи ҳолатҳои фавқулода иштироки фаъолона доштанд.
Дар кори шуъбаҳои пойгоҳи кафедра якчанд усулҳои нав ворид карда шуданд. Дар натиҷаи истифода аз усулҳои муосири табобат нишондодҳои табобат дар шуъбаҳои пойгоҳи клиника хеле беҳтар шуданд. Ҳамаи кормандон дар шӯъбаҳои беморхона беморонро аз рӯи нақшаи тасдиқшуда муоина карда, ба духтурон маслиҳат медиҳанд.
Кормандони кафедра дар кори «Корвони саломатӣ», ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ташкил мешавад, дар вилояти Хатлон, Суғд ва НТҶ фаъолона иштирок мекунанд. Таҳти роҳбарии кормандони кафедра барои соҳаи тандурустии кишвар маводҳои зерин омода карда шудаанд: меъёрҳои ҳуқуқи оиди фаъолияти соҳаи ҷарроҳии асаб ва протоколҳои табобати беморон.
Дотсент Раҳмонов Х.Ҷ. ҳамзамон сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php