Фаолияти корҳои омӯзиши


Кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта дар биноҳои 5, 8-уми Маркази Миллии Тиббии ҶТ “Шаҳраки Шифобахш” ва дар бинои 5-6 Маҷмааи Истиқлол ҷой гирифтаанд. Кафедра дорои 8 ҳуҷраи дарсӣ буда, бо таҷҳизоти таълимӣ пурра таъмин мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои асосии фанни ҷарроҳии асаб-омӯзиши усулҳои муоинаи комплексии беморони гирифтори амрози ҷарроҳии асаб, аз худ кардани клиника, ташхис, ташхиси тафриқӣ ва табобати беморони гирифтори осебҳои системаи марказии асаб (СМА), остеохондроз, модарзодии СМА, омоси майна ва бемориҳои садамаи омехта.
Кафедра фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ойинномаи» Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи кафедра ба роҳ мондааст. Дар кафедра курси 5-ум факултаи тиббӣ ва ординаторҳои клиникӣ таълим мегиранд. Барои ҳамаи донишҷӯёни курси 5-ум факултети тиббӣ машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад. Ба ғайр аз онҳо дар кафедра бо ординаторони клиникии дигар кафедраҳо: ҷарроҳҳон, офталмологҳо, ҷарроҳии кудакон, гушу гӯлӯ, бинӣ, осебшиносҳо ва асабшиносҳо машғулиятҳо гузаронида шудаанд. Дар кафедра аз соли 1976 то 2019 зиёда аз 500 духтур касб омузиши аввалинро вобаста ба ҷарроҳии асаб гирифта, айни замон дар беморхонаҳои ноҳияви ва вилояти кор карда истодасд.
Машғулиятҳои амалӣ дар дарсхонаҳо бо усулҳои пурсиши шифоҳӣ ва ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ, инчунин бо муоинаи беморон дар назди бемор гузаронида мешаванд. Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши омӯзгорони кафедра ва баҳри баланд бардоштани сифати таълим - омӯзгорони кафедра маҳорати касбии худро аз тариқи ҳаргуна семинарҳое, ки аз тарафи ВТ ҲИА ҶТ ва Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташкил мешуданд, баланд менамуданд. Аз ҷумла, омӯзгорони кафедра дар Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар ин давраи ҳисоботи гузаштанд ва соҳиби гувоҳнома шуданд. Ҳамчунин дар кафедра барои пеш бурдани корҳои таълимию методӣ иштироки байниҳамдигарии омӯзгорон мунтазам гузаронида шуда, аз ҷониби устодони ботаҷриба дарсҳои кушод ба роҳ монда шудааст.
Аз Паёми Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишвар, махсусан сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати донишгоҳ ба шумор меравад ва ин иқдом аз ҷониби кормандони кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта якдилона ҷонибдорӣ ва дастгирӣ карда мешавад.
Дар 5 соли охир устодони кафедра оид ба ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта 7 дастурамали методӣ, 3 китоби дарсӣ ва 4 дастурамал, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шудаанд, аз чоп бароварданд.
Коркунони кафедра оид ба масъалаҳои актуалӣ ҷарроҳии асаб дар санаи 3 апрели с 2015 семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки байналмилалӣ гузарониданд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php