Таърихи кафедраи анестезиология ва реаниматалогия


Анестезиология ва реаниматология як соҳаи илми тиб буда, зудтараққикунанда ва мустақил мебошад. Бо вуҷуди соҳаи нави илми тиб буданаш ба тараққиёти илми тиб таъсири хеле зиёд расонид.
Барои тараққиёти илми анестезиология ва реаниматология ва хизматрасонӣ дар ҷумҳурии мо кушодашавии курси анестезиология ва реаниматология дар соли 1971 замина гузошт, ки дар соли 1974 ба кафедраи анестезиология ва реаниматология табдил дода шуд. Ташкилотчӣ ва роҳбари он доктори илми тиб профессор Муродов Мухтор Қодирович буд. Ассистентҳои аввали кафедра номзади илми тиб, сипас доктори илми тиб А.В. Воҳидов, номзади илми тиб В.И. Фисечко, номзади илми тиб С.П. Езеев, номзади илми тиб Ҷ.А. Ахмедов ва номзади илми тиб Ҷ.Б. Ҳамидов буданд, ки дар тараққиёти анестезиология ва реаниматология саҳми босазо гузоштанд.
Кормандони кафедра аз рӯзи аввали фаъолияташон барои тайёр кардани духтурони баландсифати анестезиологҳо ва реаниматологҳо, ки муассисаҳои тиббии ҷумҳуриамон ба онҳо ниҳоят эҳтиёҷ доштанд, саҳми босазо гузоштанд. Дар кафедра омода сохтани духтурҳои анестезиолог ва реаниматолог ба таври нақшавӣ гузаронида мешуд, ки дар сатҳи замонавӣ касби худро аз худ намуда буданд. Дарсомӯзии ин фан дар тамоми факултетҳо ба роҳ монда шуда буд, зеро духтурони дигар соҳаҳо гузаронидани ёрии аввалин ва табобати вусъатнок ҳангоми ҳолатҳои терминалиро гузаронида тавонанд.
Бо ташаббуси кормандони кафедра дар ҷумҳурӣ соли 1973-юм ҷамъияти илмӣ-амалии анестезиологҳо ва реаниматологҳо ташкил карда шуд, ки дар кори он дастовардҳои охирини илмӣ, баромадҳо оид ба масъалаҳои мубрами беҳискунӣ ва табобати вусъатнок, санҷиши пешакии диссертатсияҳо гузаронида мешуданд, инчунин таҳлили фаъолияти шуъбаҳои наҷот, сабабҳои оризаҳое, ки ҳангоми беҳискунӣ ва баъд аз он ба амал омадаанд, дида баромада мешуданд. Алалхусус ҳолатҳои ниҳоят вазнин дар ҳолати реаниматсия ва табобати вусъатнок намоиш дода мешуданд.
Дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба масъалаҳои ташхис, асоси пешгирӣ ва биокимиёвии табобати вусъатнок ва барқарорсозии вайроншавии гомеостаз бурда мешавад. Солҳои 1970-1980 дар кафедра якчанд корҳои диссертатсионӣ оид ба ташхис, пешгирӣ ва табобати норасоии нафас дар беморони ҷарроҳӣ омода ва ҳимоя карда шуданд (А.А. Лебедев, В.И. Фисечко, Н.М. Шкляр, А.В. Воҳидов, С.П. Езеев).
Солҳои 1990-1997 кормандони кафедра корҳои илмӣ - таҳқиқотро оид ба масъалаҳои ташхис ва табобати вусъатноки диққи нафасро гузарониданд. Ба ин мавзӯъ корҳои диссертатсионии Р.М. Эркаев, Ю.Н. Бадридинов, Ҷ.А. Ахмедов, И.Ф. Давронов, Ҷ.Б. Ҳамидов, А.А. Аминов бахшида шудаанд. Инчунин ба ин мавзӯъ монографияҳои М.К. Муродов “Интенсивная терапия асматических состояний”, “Гелиокс в интенсивной терапии дыхательной недостаточности”, “Диагностика и лечение милиарного ателектаза лёгких” ,”Ошибки и опасности лечения асматического статуса”. Дар қатори инҳо китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва давраи васеъи хонандагон “Асрори кушодани банди аҷал” ва як қатор дастурамалҳои методӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони кафедра бароварда шуд.
Аввалин бор дар ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1979 дар кафедра ба омӯзиши фаъолияти ғайригазии шушҳо дар беморони терминалии акушерӣ-гинекологӣ, ки ба норасоии шадиди гурдаҳо дучор шудаанд, садамаи вазнини косахона ва мағзи сар, синдроми респираторӣ-дистресии калонсолон ва беморони септикӣ шурӯъ карда шуд. Натиҷаи таҳқиқотҳо, муайянсозии ташхис, пешгирӣ ва бартарафсозии вайроншавии фаъолияти ғайригазии шушҳо ба пастравии фавти беморон оварда расонид. Ба ин мавзӯъ корҳои диссертатсионии М.Г. Шаропов, Ҷ.А. Шамсиев, З.Ф. Тағоҷонов, А.В. Воҳидов бахшида шудаанд.
Натиҷаи ҳамкории илмӣ - таҳқиқотӣ бо дигар кафедраҳо, ки ба табобати беморони сӯхта ва ҷарроҳии шуши кӯдакон бахшида шудаанд, ба корҳои диссертатсионии Ҳ.К. Нурмуҳамадов, Р.Р. Рофиев, Т.А. Абдуфатоев тааллуқ доранд.
Дар муддати 20 соли охир кормандони кафедра оид ба ҷорӣ намудани усулҳои нави детоксикатсионӣ: гемодиализ, гемосорбсия, ултрафилтратсия ва нурафшонии ултрабунафши (НУБ) хун, ки дар табобати ҳолатҳои терминалӣ бомувафаққият истифода карда мешаванд, саҳми калон доранд.
Якҷоя бо кормандони донишкадаи илмӣ - таҳқиқотии кимиёи АУ ҶТ дар кафедра зери роҳбарии М.Қ. Муродов гемодиализи гидрогелевӣ омода ва дар амал ҷорӣ карда шуд, ки дар натиҷа профессор М.Қ. Муродов сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид.
Дар муддати фаъолияти кафедра зиёда аз 22 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ, зиёда аз 550 корҳои илмӣ, ки аз он 6 монография, 10 китоби дарсӣ ва 10 дастурамали методӣ бароварда шуд.
Кормандони кафедра иштирокчиёни доимии ҷамъомадҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Бо иштироки фаъоли кормандони кафедра дар ҷумҳурии мо конферентсияи якум (1978) ва дуюми (1987) ҷумҳуриявии анестезиологҳо ва реаниматологҳо гузаронида шуд.
Роҳбарии кафедраро аз соли 1997 н.и.т. Ҷ.А. Ахмедов ба ӯҳда дорад. Зери роҳбарии ӯ корҳои таълимӣ-методӣ, табобатӣ-машваратӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ дар мавзӯи “Табобати вусъатнок ва реаниматсияи ҳолатҳои терминалӣ ҳангоми садамаи вазнини омехтаи косахона ва мағзи сар” корҳои диссертатсионӣ бурда мешавад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php