Ватандӯстиву ватанпарастӣ

Ватандӯстиву  ватанпарастӣ

Мувофики дархостномаи муовинати тарбия аз 07-уми сентябри соли 2020 таҳти № 31 ҷихати баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, ифтихор аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ёдгориҳои таърихию фархангӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гузариш ва пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавируси навъи «Covid-19» дар кафедраи анестезиология ва реаниматология аз тарафи мудири кафедра н.и.т. Давлатзода Б.Х. бо иштироки устодони кафедра Куватов Ш. К., Сафоев С. А., Файзалиев Н.Ф. ва лаборанти калони кафедра Тураев Б.С. дар байни донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббӣ гурӯҳҳои аз 38 то 44 дар мавзӯъи «Ватандӯстиву ватанпарастӣ» чорабинии тарбиявӣ-таблиғотӣ баргузор гардида, бо донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббӣ гуруҳи 39 асистенти кафедра Қуватов Ш. Қ. оиди роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи «Covid-19», дарси тарбиявӣ гузаронид.

Дар охири сӯҳбат донишҷӯён тариқи пурсиш-посух фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, бо иштироки фаъолонаи худ дар ҷамъомад тасмим гирифтанд, ки нисбати пешгирии бемории сироятии навъи «Covid-19», ҳаргиз, бетараф нахоҳанд монд.

Мудири кафедраи анестез. ва реаниматология н.и.т.       Давлатзода Б. Х.

Мутасаддӣ оиди корҳои тарбиявӣ                                        Файзалиев Н.Ф.

17.10.2020     554

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php