Эҳтиёт ними ҳаёт

Эҳтиёт ними ҳаёт

Дар бораи  роҳҳои гузариш, паҳншавӣ,  қоидаҳои санитарию гигенӣ ва  пешгирии  бемори навъи “Covid – 19”  дар кафедраи анестезиология ва реаниматология  бо иштироки мудири кафедра  н.и.т. Давлатзода Б.Х. устодони кафедра  Куватов Ш.К., Файзалиев Н.Ф., Сафоев С.А. дар байни донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббӣ гурӯҳҳо 45 – 51 дарси тарбиявӣ  гузаронида шуд. Сараввал мудири кафедра баромад карда қайд намуд, ки яке аз роҳҳои гузариши ин бемории хатарнок риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-гиненӣ дар байни ҷомеъа ба шумор меравад. Бояд ҳар як шахс типқи дастуру супоришҳои ВТ ва ҲиА ҶТ аз ниқобҳои яккарата ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барад ва масофаи байни якдигариро дар ҷойҳои серодам, ҳатман, риоя намояд. Инчунин ассистенти кафедра Қуватов Ш. Қ. оиди нишонаҳои клиникии  ин бемории сироятии навъи “Covid – 19”   баромад кард.

Дар охири ҷамомад донишҷӯён аз устодон ба саволҳои худ посухҳои муфиду муфассал гирифтанд.

Мудири  кафедраи анестезиология ва реаниматология  н.и.т.  Давлатзода Б.Х.   

   

03.10.2020     630

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php