Рӯзи забони давлатӣ

Рӯзи забони давлатӣ

Бахшида ба «Рӯзи Забони давлатӣ» дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи Я.А. Раҳимов бо иштироки устодони кафедра чорабинии маърифатию ахлоқӣ баргузор гардид.

Чорабиниро саркуратор Тулаганова С.М. ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо «Рӯзи Забони давлатӣ» табрик намуданд. Баъдан маърӯза оид ба “Рӯзи Забони давлатӣ” ва суханҳои Пешвои Миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон оғоз гардид. Дар рафти баромади худ Тулаганова С.М. оид ба муҳимияти донистани забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, мутолиаи асарҳои адибони тоҷик бо забони давлатӣ ва тақвият бахшидан ба пешрафти забони давлатӣ суханронӣ намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ сухан ба мудири кафедра Зокиров Р.Х. дода шуд. Устод ҳамагонро бо «Рӯзи Забони давлатӣ» табрик намуда, дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексионӣ бо забони тоҷикӣ таъкид намуданд. 

Кафедраи анатомияи одам ва истилохоти тиббии лотинии ба номи Я.А.Раҳимов

масъули бахши тарбия                 -              Тулаганова С. М.

 

03.10.2020     511

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php