Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар санаи 16.11.2020 бо гурӯҳи куратории 50- факултети тиббӣ  курси якум чорабинии бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рузи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимов бо иштироки донишҷӯён ва кормандони кафедра баргузор гардид. Сараввал сухан ба мудири кафедра н.и.т. Зокиров Р.Ҳ.  дода шуд, ки ӯ ҳозиринро бо ҷашнҳои «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рузи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуданд. Донишҷӯёни курси якум Ҷомии Маҳмадшариф ва Раҳимова Беназир ҳамчун ровӣ дар бораи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рузи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карданд. Баъдан  донишҷӯён Артикова Мехрона, Ҳамдамова Мадина, Баротова Ҳилола, Қосимов Қосим, Давлатов Эҳсон шеърҳоро бахшида ба Президент, Ватан, Тоҷикистон ифоданок қироат карданд.  Донишҷӯён Бобоҷонзода Умрон ва Абдуҳалимзода Малика бахшида ба «Рузи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маъруза баромад намуданд. Баъдан Ҷалолов Аминҷон ва Ҳамдамова Мадина дар васфи Ватан суруд хонданд. Дар интиҳои чорабинӣ сухан ба муаллимаи кафедра масъули бахши тарбия Тулаганова С.М. дода шуд, муаллима  ба  иштирокчиён миннатдории худро баён намуда, омӯзгорон ва донишҷӯёнро хушомадед гуфта, ба иштирокчиён таҳсину офарин хонд.

Мудири кафедраи анатомияи

одам ва истилоҳоти тиббии лотинии

ба номи  Я. А. Раҳимов  н.и. т.,  -  Р. Ҳ. Зокиров 

Масъули бахши тарбияи кафедра  -  С. М. Тулаганова

20.11.2020     440

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php