Модар-каси баҳиммат

Байни рӯзҳои аввалини баҳор, рӯзе ҳаст - Рӯзи модарони ғамхор, рӯзи некест. рӯзи фораму дилкаш. Рӯзи ид аст он- иди меҳрубонӣ. Иди муҳаббату - иди қадрдонӣ, ки ин - Рӯзи Модар аст. Модар қимматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд , ҳимматбалантарин шахси башарият аст.
Бо ҳамин суханони шево бахшида ба рӯзи Модар бо иштироки гурӯҳи 23 кураторӣ чорабинии тарбиявӣ аз тарафи омӯзгори кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов Чумъаева Г.С. гузаронида шуд.
Донишҷӯёни гурӯҳ бахшида ба рӯзи модарон дар васфи «Модар- сарчашмаи зиндагӣ» шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳои тарбиявӣ гузарониданд.
Модар- модар каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз махзани панди он гирад арзонӣ,
Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Г.С.Ҷумъаева, омӯзгори кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ
10.03.2020     784

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php