Таърихи кафедра


Рисунок10.jpg

Аз  октябри 2021 мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 н.и.т., Қоимдодова Бадахшон Қозидавлатовна бо қарори Шӯрои олимон таъин карда шуданд.Коимдодова Бадахшон Козидавлатовна   аз  соли 1998 то соли 2003    ДДТТ ба номи Абӯали ибни Синоро хатм намудааст. Аз соли 2003 то соли 2006 магистратураро дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1 хатм намудааст. Аз соли 2006 то 2008 ординатураи клиникиро дар ҳамин кафедраи мазкур ба итмом расонидааст.  Аз соли 2008 то 2011 аспирантураро дар МД ПАГ ва П ҶТ хатм кардааст.Аз соли 2011то 2016 ба ҳайси духтур акушер-гинеколог дар ПАГ ва П кор ва фаъолият намудааст. Соли 2016 ба хайси ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №3 муддати 1 сол фаъолият кардааст. Аз соли 2016 то соли 2020 ба ҳайси ходими калони илмӣ дар шӯъбаи гинекологии МД ПАГ ва П кор намудааст.

          Соли 1957 бо тасдиқи Шӯрои Олимони ДДТТ дар пойгоҳи   ТШ№2 кафедраи акушерӣ ва  гинекологии факултаи педиатрӣ ташкил шуд. Рохбарии онро профессор Борис Лвович Гуртовой ба зиммадошт. Фаъолияти илмии кафедра мавзӯи  «Хусусияти лактатсия дар зоймонҳои субтропикии хушки Точикистон» -ро дар бар мегирад. Бо роҳбарияти Гуртовой  Б.Л рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд: Лаптиева Е.Д., Подгорная Р.П.,Ахмеров В.З.

Б.Л. Гуртовой барои таҷрибаи тандурустӣ дастурамали методро дар мавзӯи «Коркарди биокимиёвии таркиби шири сина дар валодати физиологӣ ва патологӣ»тайёр намудааст.

Соли 1971 бо тариқи озмун корманди хизматнишондодаи илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  профессор Пулатова Маҳкам Тоировна мудири кафедра интихоб шуд. Ӯ соли 1949 Донишкадаи тиббии Сталинободро хатм намуда, рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Мавзуи илмӣ дар он замон «Хусусияти системаи гемостаз дар ҳомиладории физиологӣ ва патологӣ»-ро дар бар мегирифт.Бо роҳбарияти ПулатоваМ.Т. рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд: Қосимова М.Қ., Саруханов Г.Е., Шаповал Л.А., Юсупова Р.Т., Исмоилова Т.Д.Бо роҳбарии Пулатова М.Т монографияҳои зерин нашр шудааст: Хусусияти системаи гемостаз дар ҳомиладории физиологӣ ва патологӣ; Масунияти гуморалӣ дар ҷараёни бармаҳали онтогенез.

Аз соли 1998 кафедраро профессор Абдураҳмонов Муин Камолович роҳбарӣ  мекард. Профессор Абдураҳмонов М.К соли 1957 факултаи тиббӣ ҳарбии Донишкадаи тиббии Куйбишевро бо баҳои аъло тамом кард ва бо тасдиқи Комиссияи имтиҳони давлатӣ бо  медали тилло мукофотонида шуд.

Аз соли 1971 соҳиби унвони докториилм буданд. Самти илми профессор Абдураҳмонов М.К. ба «Таъсири факторҳои муҳити беруна ба барқароршавӣ ва кори системаи тазаккур»бахшида шудааст.

Таҳти роҳбарии профессор Абдураҳмонов М. К: Каспарова А. Э, Исаева Б. И, Муратов Э. К, Давлатова М. Б, Умарова Н. Г, Қадамалиева М. Д, Шарипова М. Б. рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд ва Абдураҳмонов Ф. М, Ҳақназарова М. А. рисолаи докторӣ ҳимоя карданд.

Профессор Абдураҳмонов М. К ҳолатҳои таҷрибавии таъсири антропогении пестисидҳои хлорорганикӣва пайвастаҳои фторӣ ТАДАДА ба барқароршавӣ ва фаъолияти системаи тазаккур муқаррар кард.

Бо  рохбарии ӯ комплекси чорабинии табобатию пешгирӣ бо истифодаи маводҳои ғайри медикаментозӣ барои паст намудани таъсири антропогении пестисидхо ва пайвастагиҳои фторӣ ба системаи тазаккур тайёр карда шуд.

        Профессор Абдураҳмонов М. К. 80 мақола ва 120 фишурда нашр кардааст. Дастурамали акушерӣ бо забони тоҷикӣ ба охир расонида шуд. Дастурамал оиди ташкили ёрии акушерӣ дар марказҳои солимӣ-репродуктивӣ. Дастурамал дар бораи тандурустии амалӣ бо мавзӯъҳои:

1.Пешгирии таъсири пестисидҳо ба солимии репродуктивӣ.

2.Таъсири фарбеҳӣ дар ҷараёни гестатсионӣ.

3.Сиропи антиоксиданти «МАЗ» ва шуои лазерии ҳадди пастдор терапияи комплексии гестоз.

4.Роҳҳои табобатии сироятҳои хламидӣ.

5.Пешгирӣ, табобати бемориҳои шадиду музмини фасодӣ-илтиҳобӣ овезаҳои бачадон бо ситокини «спленопид» сиропи антиоксиданти «МАЗ», шуои лазерии ҳадди паст. Пешниҳодҳои ратсионализаторӣ оиди мавзӯи: «Намуди истифодабарии маводи антисептикӣ 0,02% уресултан дар пешгирӣ ва табобати эндометрити пас аз бачапартоӣ». «Намуди гузоштани кукҳои герметикӣ пас аз чокиқайсарӣ». Патенти хурд ММПИҶТ аз 01-06-2003 №1(Сиропифитоантиоксиданти «МАЗ»)

         Профессор Абдура

ҳмонов М. К. дар чорабиниҳои ВТҶТ фаъолият намудааст.  Муҳарири  масъул дар маҷаллаи «Советский медик»,аъзои Шӯрои  тиббии ВТҶТ, аъзои Шӯрои диссертатсионии акушер-гинекологҳои ПИИАГ ва П ва профессори кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 буданд.

         Барои меҳнати шоёнааш профессор Абдураҳмонов М. К. бо орденҳои «Дӯстии, ветерани меҳнатвааълочии тандурустӣ» мукофотнида шудааст.

Аз августи соли 2006 то октябри  2021 бо тасдиқи Шӯрои Олимон мудири кафедраи мазкур профессор Абдураҳмонова Фирӯза Муиновна интихоб шуд. Фируза Муиновна соли 1992 бо дипломи аъло ДДТТ- рохатм намуда, солҳои 1994-1998 ординатураи клиникӣ ва аспирантураро гузаштааст.Рисолаи номзадиро соли 1998 ҳимоя намудааст.Аз соли 1997 ассистенти кафедра, аз 1999 дотсенти кафедра. Соли 2002 рисолаи докториро оиди мавзӯъи: «Эпидимеология ва инкишофи физикиву ҷисмонии духтарчаҳову духтарони Тоҷикистон ва технологияи патологияи акушерӣ ва гинекологӣ» ҳимоя намудааст. Аз соли 2003 профессори кафедра. Дар асоси тадқиқоти инкишофи физикиву ҷисмонии духтарчаҳову духтарон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, киҳолати иқтисодӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, метавонанд ҳамчун стандартҳо дар кори гинекологияи духтарони томактабӣ, мактаби ноболиғон кумак кунанд.

       Абдураҳмонова Ф.М роҳбари мавзӯъи илмии кафедра «Таъсири никоҳи хешу таборӣ ба системаи репродуктивии занони Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Исмаилова Татяна Даниловна – хатмкунандаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, дар соли 1980 донишгоҳро  бо баҳои аъло хатм кардааст. Ӯ ординатураи клиникӣ ва аспирапнтураро дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 гузаштааст. Аз моҳи октябри соли 1990 ӯ номзади илми тиб буданд.Аз моҳи майи соли  1987 –ассистенти кафедраи акушерӣва гинекологии №2 буданд. Аз моҳи сентябри соли 1997 досенти кафедра интихоб шуданд. Ӯ муаллифи 31 нашрияи илмӣва 2 дастурамали илмӣ методӣ мебошад.

Ҳақназарова Матлуба Абдумаҷидовна дар соли 1978 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1984 донишгоҳи номбурдаро хатм кардааст.

Рисолаи номзадиашро соли 1998 ҳимоя кард. Аз соли 2007 ассистенти кафедра буда, аз соли 2008 дотсенти кафедра интихоб шуданд. ӯ муаллифи 15 мақола, 25 фишурда ва 2 то даструамали илмӣ - методӣ мебошад, 6-апрели соли 2011 рисолаи докториро ҳимоя карданд.

Рофиева Зарина Ҳамдамовна дар соли 1984 ба ДДТТ ба номиАбӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1992 онро хатм кардааст. Дар соли 2002 рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст. Аз соли 2004-ум ҳамчун ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино коркардааст. Дар соли 2009-ум ба вазифаи дотсентӣ кафедра интихоб шудааст.Соли 2010 рисолаи докториро оиди мавзуи “Хусусияти солимии репродуктивии занҳо ҳангоми таъсири омилҳои руҳию осебӣ” ҳимоя намудааст. Ӯ муаллифи 93 мақола ,16 фишурда,  2 монография  ва 1 дастурамали методӣ мебошад.

Дар кафедра кормандони зерин фаъолият доштанд: ассистент Норматова М.С., асс. н.и.т., Муҳамадиев И.М., асс. Талбова З.С., асс.Ҳабибова З.Х., асс.. н.и.т., Иванцова Д.Г., асс.Ходьякова В.Г., досенти  кафедра Қосимова М.К., Нодирова А.А., асс. Мавлонова С.Н., асс. Пирова М.Г., асс.н.и.т, Хокироева М.С., асс. н.и.т, Ниезова Р.Х., асс.,н.и.т., Холова Ш.И., асс. Қодирова С.И., асс. н.и.т. Шукурова З.Т.

Дар  айни ҳол дар кафедра устодони  мазкур фаъолият доранд:  мудири кафедра н.и.т., Қоимдодова Б.Қ., н.и.т., дотснент Давлатова М,Д.,н.и.т., дотсент Шарипова М.Б., д.и.т, Комилова М.Ё., н.и.т,дотсент Салимова З.Н.,. асс. Бобҷонова О.Б.,,н.и.т. Мавлонова С.Н.,. ,н.и.т., асс.., н.и.т., асс. Давлатзода Г. Қ., н.и.т., асс.Мирзоева А.Б., н.и.т., асс. Икромова З.М., ассистентон Мирзоева Ш.М., асс Тайфурова Ш.Н, Абдураҳмонова Г.С., Баротова С.Х.,Мастонова Т.С.,Шукрияи Г, асс. Нурова Н.Р,асс. Садуллоева С.Т .


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php