Раванди таълим назорат мегардад

Раванди таълим назорат мегардад

Cанаи 25 ноябри соли 2019 декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., дар якҷоягӣ бо муовинони декани факултет оиди тарбия Бурҳонова З.У., ва муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З., ва муовини декани факултет дар курси якум Гулмамадова Г.Г., дар бинои таълимии «Шаҳраки шифобахш» аз кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва беҳдошти умумӣ дидан намуданд. Дар баробари ин аз ҷониби намояндагони факултети тиббӣ ҷараёни дарсҳо, давомоти донишҷӯён, истифодаи дурусти журналҳои электронӣ, риояи сару либоси тасиявӣ аз ҷониби кормандон ва донишҷӯён санҷида баромада шуд.

Дар кафедраи ҷомеашиносӣ давомоти донишҷӯён ва риояи сару либос хуб буд. Дарсҳо аз рӯи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, мудири кафедра ва кормандон дар ҷои кор ва риояи сару либоси тавсиявӣ хуб ба роҳ монда шуда буд.

Дар кафедраи беҳдошти умумӣ ва экология дарсҳо пурра аз рӯи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда буд, вале дар аксарияти гурӯҳҳо донишҷӯён ба дарс дер карда омаданд. Ин рӯзи якуми дарси онҳо дар ин кафедра буд ва устодони кафедра сабаби дер омадани онҳоро намедонистанд. Дар аксарияти гуруҳҳо донишҷӯён ба дарс бо сару либоси ғайритавсиявӣ ба дарс ҳозир шуда буданд.Дар ҳузури декани факултет, мудири кафедра ва устодон бо донишҷӯён доир ба давомот, риояи сару либос сӯҳбат ороста шуда, ёдрас карда шуд, ки дар натиҷаи роҳ додан ба чунин қоидавайронкуниҳо рафтори онҳо дар комиссияи одобу муоширати донишгоҳӣ муҳокима шуда, ба муҷозот кашида мешаванд.

Худи ҳамин рӯз дар толори хониш декани факултет д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., бо фаъолон ва сардорони гурӯҳҳои курси якуми факултети тиббӣ оиди давомот, сари вақт сабқгардонӣ кардани дарсҳо, навовариҳо дар ҷараёни супоридани имтиҳону санҷишҳо, журнали электронӣ мухтасар маълумот додаанд. Доир ба ҳамин масъала муовини декан Гулмамадова Г.Г., ва Иргашева Ҷ.З., баромад карданд.

Дар масъалаи риояи сару либос ва рафтори ҳамида, дӯстию рафоқат байни донишҷӯён муовини декани факултет оид ба тарбия Бурҳонова З.У. баромад намуда, донишҷӯёнро ба донишандузӣ, забономӯзӣ даъват карданд.

Хоҷаева Н.М., декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор


03.12.2019     331

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php