Дар тарбия ҳар лаҳза ғанимат аст.

Раванди тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯён яке аз бахшҳои асосии тарбия буда, хусусият ва мураккабиҳои худро дорад. Танҳо дар натиҷаи алоқа ва ҳамкории мустаҳками таълимгоҳ, оила ва ҷомеа ин масъала ҳалли худро меёбад.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани кори тарбия  ҷиҳати рушду ташаккули тарбияи насли ҷавони муосир, таҳаммулпазирӣ муомилаву муоширати инсонӣ, фазилатҳои писандидаи инсонӣ, тарбияи  тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ва рафторҳои номатлуб, ташвиқ ва тарғиби пандномаи ахлоқии ниёгон, андешаву шуури миллӣ, гиромидошти анъанаҳои умумибашарӣ, ҳисси ватанпарастӣ, зеҳни солиму ақли расо, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла рафтор, пиндор ва гуфтори нек, дар хобгоҳҳои МДТ «ДДТТ баноми Абӯалӣ ибни Сино»  нақшаи навбатдории кафедраҳо аз ҷониби Ректори донишгоҳ ба имзо расидааст.

Мувофиқи нақша кафедраҳои донишгоҳ дар хобгоҳҳои вобасташуда навбатдорӣ намуда, дар баробари ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисти донишҷӯён бо онҳо сӯҳбату вохӯриҳои судманд  бояд барпо намоянд.

Санаи 31 октябри соли 2019 муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Бурҳонова З.У. дар якҷоягӣ бо мутахассиси Шӯъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ Мирзои Саид аз хобгоҳҳои №1, №2, №3, №4, №5, №6, №7 дидан намуданд. Мақсади ташриф  аз  ин санҷиши риояи навбатдории кафедраҳо аз рӯи нақшаи тасдиқгардида буд. Санҷиш ошкор намуд, ки аксарияти кафедраҳо навбатдории худро аз рӯи ҷадвали навбатдорӣ  аз моҳи октябр шуруъ намудаанд. Бархе аз кафедраҳо  ин корро ба ақиб партофта, ҳанӯз ҳам навбатдории худро оғоз накардаанд. Маълум шуд, ки аз 28 кафедраи марбути факултети тиббӣ танҳо 15 кафедра ба навбатдорӣ оғоз намудаанд. Кафедраҳои дигар бо мақсади аз 1 ноябр оғоз намудани навбатдорӣ, онро ба таъхир гузоштаанд. Боқимонда кафедраҳо дар сӯҳбати телефонӣ ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик ба кор  оғоз менамоянд.

Декани факултети тиббӣ,

д.и.т., профессор                                                                         Хоҷаева Н.М.

04.11.2019     374

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php