Баррасии Паёми Пешвои миллат дар факултети тиббӣ

Баррасии Паёми Пешвои миллат дар факултети тиббӣ
Баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори Роҳбарият, устодон ва донишҷуёни МДТ “ДДТТ ба номи Абӯлӣ ибни Сино” гардидааст. Аз ин лиҳоз муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., санаҳои 10 - 11 феврали соли 2020 бо донишҷӯёни курси якум дар толори лексионии бинои таълимии “Шаҳраки Шифобахш” дар ин мавзӯъ вохӯрӣ ва сӯҳбат оростанд. Дар вохӯрӣ потокҳои 7 ва 8 –уми факултети тиббӣ бо устодони кафедраҳои биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва физикаи тиббию биологӣ бо асосҳои информатика Ҳакимов С.А.,Сайфуллоев З., Азимова Г.Н., ҳузур доштанд.
Дар вохӯрӣ Бурҳонова З.У., ба донишҷӯён аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ёдрас шуданд.”Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст.” – аз ин рӯ шумо донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ барои сазовори номи ворисони шоистаи Синои бузург гардидан бояд саъю кӯшиши зиёд намуда, аз илмҳои муосир бархурдор гардед – таъкид намуданд муовини декан Бурҳонова З.У. Як гуруҳ донишҷуёни курси 1-ӯм оиди баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, миннатдории худро аз ҷонибдории Пешвои муаззами миллат нисбати ҷавонони даврони Истиқлол иброз намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
14.02.2020     197

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php