Ҷаласаи Шӯрои олимони факултет

Ҷаласаи Шӯрои олимони факултет
21-уми феврал дар ҷаласаи навбатие, ки таҳти роҳбарии раиси Шӯрои олимони факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. баргузор гардид, масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
1.Ҷамъбасти сессияи зимистона.
2. Таҳлили натиҷаи давраи фаъоли сессияи зимистонаи имтиҳонӣ.
Ҳамзамон дар ҷаласа тариқи озмун 6 омӯзгори кафедраҳои физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ, урология ва забонҳои хориҷии донишгоҳ ба ҳайси ассистентони кафедраҳо интихоб гардиданд. Дар ҷаласа ахбор дар бораи фаъолияти таълимии кафедраҳои бемориҳои дарунии №1, асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ шунида шуд. Инчунин дар ҷаласа 2 нафар унвонҷӯи кафедраҳои эндокринология Музафарова М.Э, кафедраи травматология Маҳмадҷонов Б.Қ. ва 1 нафар аспирант аз кафедраи ҷарроҳии умумӣ №2 рисолаи номзадии худро тасдиқ намуданд.
Баъдан Хоҷаева Н.М.қайд карданд, ки айни замон дар шароити ҳамгироии таҳсилотӣ ҷаҳонӣ ба омӯзиши донишҷӯён бояд диққати ҷиддӣ диҳем ва аз мудирони кафедра тақозо намуданд, ки дар кафедра барои баланд бардоштани сифати таълим бештар дарсҳои иловагӣ, лексияҳои кушод ва дарсҳои машваратӣ гузаронида шавад. Аз ҷумла фаъолияти кормандони кафедраҳое, ки дар онҳо дараҷаи дарсазхудкунӣ ва сифати таълим нисбатан паст аст ба таври амиқ таҳлил, сабабҳои камбудиҳо муайян карда шавад, баҳри рафъи камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Деканати факултети тиббӣ
24.02.2020     173

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php