Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Вохӯрӣ  бо  донишҷӯён
Деканати факултети педиатрӣ бо роҳбарии декан ва муовини декан рӯзҳои 27 ва 28.03.2020 бо донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар маҷлис декани факултет роҷеъ ба сатҳу сифати таълим суханронӣ карда, дар кадом сатҳ қарор доштани сифати таълиму тарбияро баён карданд ва барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, кушишу талош кардан барои мутахассиси хуб шудан, саҳми худро гузоштан дар ободу зебогардонии Ватан маслиҳатҳои хуб доданд.
Декани факултет бо баромади худ роҷеъ ба масъалаҳою мушкилиҳои ҷойдошта сухан ронда, барои ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳо доданд. Инчунин дар бораи яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз, ки дар сар то сари ҷаҳон паҳншавии Коронавирус мебошад, суханронӣ карданд. Ҳама аломатҳои гирифторшавӣ ба Коронавирусро фаҳмонида, ба донишҷӯён чи гуна амал карданро ҳангоми пайдошавии аломатҳои беморӣ, фаҳмонида доданд. Роҳҳои пешгирии паҳншавии Коронавирусро як ба як номбар карда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо пешгирӣ намудани паҳншавии Коронавирус саломатии худ ва дигаронро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд.
Дар рафти маҷлис бо донишҷӯён доир ба камбудиҳои мавҷудаи кафедраҳо сӯҳбат карда, фикру ақидаҳои донишҷӯёнро барои беҳтару хубтар намудани тарзи таълиму тарбия дар кафедраҳо гӯш карда шуд. Донишҷӯён бо саволҳои худ саволҳои худ посух гирифтанд.
Дар охири маҷлис муовини декан бори дигар ҷиҳати пешгирии паҳншавии Коронавирус таъқид карданд, то роҳҳои пешгириро дар байни омма фаҳмонда , ба дигарон низ пешниҳод кунанд. Тарзи тайёр намудани ниқоби муҳофизатии шахсиро ба донишҷӯён фаҳмониданд.
Декани факултети педиатрӣ Усманова Г.М.
08.04.2020     700

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php