Соли 1992 дар сохтори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино факултети санитарӣ - гигиенӣ ташкил карда шуд ва аз сабаби кам будани шумораи донишҷӯён вазифаи декани факултетҳои стомотологӣ ва санитарӣ – гигиенӣ дар якҷоягӣ ба зиммаи дотсент Мгеладзе Т.С. гузошта шуд, ки ӯ то соли 1996 ин вазифаро иҷро намуд. Соли 1993 номи факултет ба номи факултети пешгирии амроз иваз карда шуд. Соли 1996 факултети пешгирии амроз аз факултети стоматологӣ ҷудо карда шуда, солҳои 1996-2000 д.и.т., профессор Бабаев А.Б вазифаи декани факултетро ба зимма дошт. Соли 1998 кафедраи эпидемиология махсус барои факултети пешгирии амроз кушода шуд ва мудири кафедраи мазкур д.и.т., профессор Ярашева Д.М. таъин карда шуд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки кафедраи мазкур нусхаи кафедраи пештара мебошад, вале дар асл кафедраи нав ба кор оғоз намуда, нақша ва барномаи таълимӣ таҷдиди назар карда шуда, ба факултети пешгирии амроз мутобиқ карда шуд. Ғайр аз ин, ду кафедраи дигари гигиенӣ, кафедраи гигиенаи умумӣ ва экология ва кафедраи беҳдошти муҳити зист низ таъсис дода шуданд, ки вазифаи онҳо низ омода кардани мутахасисони баланихтисоси ин соҳа мебошад. Дар баробари ташкил шудани кафедраҳои тахассусии факултет, пойгоҳҳои таълимии онҳо дар муассисаҳои назоратӣ - санитарию эпидемиологии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ташкил карда шуданд, инчунин нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар ва аз нав таҳия карда шуданд. Ҳамаи кафедраҳои навтаъсис бо кадрҳои омӯзгорӣ, аз ҳисоби кормандони раёсатҳои назоратӣ – санитарию эпидемиологии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ таъмин карда шуданд.
Солҳои 2000-2001 н.и.т., дотсенти кафедраи эпидемиология Нестренко В.Е. ба ҳайси декани факултети пешгирии амроз кор кардааст. Аз соли 2001 то қатъ гардидани фаъолияти факултети пешгирии амроз, то соли 2005 д.и.т., профессор Дабуров К.Н. вазифаи декани факултетро иҷро кардааст. Соли 2005 ба факултет номи факултети Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (НТҶ) дода шуд.
Аз соли 2005 то моҳи августи соли 2009 вазифаи декани факултети Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятиро д.и.т., профессор Дабуров К.Н., аз моҳи августи соли 2009 то соли 2011 н.и.т., дотсент Усмонова Г.М., аз соли 2011 то моҳи феврали 2016 н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ., аз моҳи марти соли 2016 то моҳи январи соли 2018 н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н. ба зимма доштанд. Аз моҳи январи соли 2018 н.и.т., дотсент Саидзода Б.И. дар вазифаи декани факултети Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ фаъолият карда истодааст.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултет дар пойгоҳҳои факултети Нигаҳдории тандурустии Академияи тиббии ш. Маскваи ФР, Донишгоҳи тиббии Каунаси Литва, донишгоҳҳои Аврупо, ИМА, Канада, Исроил ва Қазоқистон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Аз ҷумла, 8 нафар докторони илмҳои тибб, профессорон: Дабуров К.Н., Бобоев А.Б., Рофиев Ҳ.Қ., Лукьянов Н.Б., Раҳмонов Э.Р., Қаюмов А.К., Сатторов С.С., Хоҷаева Н.М. ва инчунин 18-номзади илмҳои тиб, дотсентон аз чунин курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Омода намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар солҳои охир 8-доктори илмҳои тиб ва зиёда аз 25 номзади илмҳои тиб омода карда шудааст.
Аз соли 2007 дар факултет таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар факултет дар ду зина гузаронида мешавад. Зинаи якум мутахассис, зинаи дуюм магистратура мебошад. Хатмкардагони факултет имкон доранд таҳсили худро дар интернатура, ординатура, аспирантура ва докторантура PhD давом диҳанд.
Ҳамасола ба факултет аз 50 то 60 нафар донишҷуён қабул карда мешаванд. Соли 1998 аввалин хатмкунандагони факултет ба фаъолият оғоз намуданд ва ҳоло бошад зиёда аз 1000 нафар хатмкардагони факултети НТҶ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи кишвар фаъолият доранд.
Дар партави паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармону супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо тайёр намудани мутахасисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯй ба талоботҳои замони муосирро раёсати донишгоҳ ва факултети НТҶ вазифаи асосии худ қарор додаанд. Айни замон, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва пурзӯр намудани пойгоҳи моддӣ - техникии кафедраҳои факултет Раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарию дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ., деканат, ҲПО-и кафедраҳои факултет ҳамаҷониба ҷаҳду талош доранд.