Барои бо кадрҳои баландихтисоси дорусозӣ таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1981 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултети дорусозӣ таъсис ёфт. Аввалин декани факултет дотсент Ҷаҳонгиров А.Ҷ.(1981-1982) буд, солҳои баъдина профессор Пашаев К.П. (1982-1984), дотсентҳо Ҳаитов И.Ҳ. (1984-1986), Мақсудова З.Г.(1987-1995), Халифаев Д.Р. (1995-1997) ва доктори илми тиб Қурбонов С.С. (1997-2005), Исупов С.Ҷ. (2005-2008), Хақназарова М.А. (2008-2010), н.и.б. Холов А.Қ (2010-2011), н.и.б. Холов Ё.Қ (2011 – 2016) вазифаи декании факултетро ба ӯҳда доштаанд. Аз соли 2016 то имрӯз сарвари факултет н.и.т., дотсент Юлдашева У.П. мебошад.
Айни ҳол дар ДДТТ дар тайёр намудани фармасевтҳо 21 кафедра иштирок дорад, ки 3 тои он тахассусӣ буда, дар он 2 академик, 5 доктори илм ва 11 номзади илм фаъолият доранд.
Донишҷӯёни факултети фармасевтӣ чунин фанҳои ба монанди забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ, математика, информатика, физика, биология, фалсафа, назарияи иқтисод ва ғайра, инчунин фанҳои тиббӣ-биологии микробиология, физиологияи патологӣ, анатомияи одам, фармакология ва биохимияро аз худ мекунанд.
Қисмати фанҳои тахассусиро таърихи фарматсия, фармакогнозия, химияи заҳршиносӣ, технологияи фармасевтӣ, химияи фармасевтӣ, биофарматсия, молшиносии тиббӣ ва фармасевтӣ, идоракунӣ ва иқтисодӣ фарматсия дар бар мегиранд.
Аз тарафи кормандони кафедраҳо дастурамалҳои таълимӣ ва адабиётҳои электронӣ доир ба як қатор фанҳо тайёр карда шуданд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, то ин ки онҳо бо дастурҳои методӣ ва лексияҳо шинос шуда, корҳои контролӣ ва санҷишҳоро супоранд.
Аз соли 2016 таълим дар факултет аз рӯи нақшаи таълимии нав, бо системаи таълимии кредитӣ- модулӣ гузаронида мешавад. Сифати тайёрии мутахассисон аз рӯи малакаҳо ва маҳоратҳои аз худ кардаашон муайян карда мешавад.Бо ин мақсад стандарти таълимӣ гузаронидани навъҳои гуногуни таҷрибаомӯзиро пешбинӣ менамояд (таълимӣ,истеҳсолӣ), ки он дар пойгоҳи муассисаҳои табобатӣ, фармасевтӣ, дорухонаҳо, корхонаҳои истеҳсолии фармасевтӣ, инчунин дар маркази фармасевтии «Фарматсия», ки дар назди донишгоҳ ташкил карда шудааст, гузаронида мешавад.
Дар давоми 36 соли фаъолияти факултет зиёда аз 2100 фармасевт тайёр карда шудааст, ки дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд.
Қабули ҳамасола ба факултети фармасевтӣ 60- 65 нафарро ташкил медиҳад (дар асоси шартнома). Дар факултети фармасевтӣ айни ҳол 358 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.
Донишҷӯён корҳои дипломии худро таълиф ва ҳимоя мекунанд.
Хатмкунандаҳои беҳтарини факултет дар кафедраҳои факултет ҳамчун омӯзгор фаъолият карда, дар аспирантура таҳсил намуда, рисолаҳои илмии худро дар донишгоҳ ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ ҳимоя мекунанд.
Муҳлати панҷсолаи таълим бо аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ ба итмом расида, ба хатмкардагон тахассуси «Фармасевт» ва дипломи намунаи давлатӣ аз рӯи ихтисоси «Фарматсия» супорида мешавад.