Меҳмони ўзбекистонӣ дар донишгоҳ

Санаи 5 – уми октябри соли равон ассистенти кафедраи фармакологияи Донишкадаи давлатии тиббии Бўхоро ба номи Абўалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Ўзбекистон Самадов Баҳодур Шарипович ба МДТ «ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино» ташриф овард. Номбурда давоми ду рўз бо фаъолияти деканати факултети фармасевтӣ ва кафедраҳои фармакология ва дигар кафедраҳои тахассусии тобеи факултет шинос шуда, барои донишҷўёни курси 4 -уми факултет дар мавзўи «Зинаҳои коркард ва таҳия намудани маводҳои нави доруворӣ» дарси кушод гузаронида маърўза намуданд. Донишҷўён дар навбати худ дар дарси мазкур, ки аз ҷониби Самадов Б.Ш. гузаронида шуд, ба таври фаъолона ширкат намуда, дар доираи мавзўи мазкур саволу ҷавоб намуда, барои худ донишҳои наву муосир гирифтанд.
Ҳамчунин, меҳмон бо биноҳои таълимӣ ва дастовардҳои донишгоҳ, Осорхонаи донишгоҳ, ОКСБ, МТИИ “Фарматсия”, ОМИТ, МОМА шинос гашт.
Ёдовар мешавем, ки сафари Самадов Б.Ш. дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ, ки байни МДТ «ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино» ва Донишкадаи давлатии тиббии Бўхоро ба номи Абўалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Ўзбекистон ба имзо расидааст, сурат гирифт.
Деканати факултети фармасевтӣ
15.10.2019     747

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php