Конститутсия – бахтномаи миллат

Конститутсия – бахтномаи миллат

Санаи 12 – уми ноябри соли 2020 дар кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ бо донишҷӯёни курси 1 – уми факултети фармасевтӣ дарси кӯшод дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» баргузор гардид. Дарси мазкур зери роҳбарии муаллими калони кафедраи мазкур Алимова Б.О. ва бо иштироки мудири кафедра д.и.х., профессор Раҷабов У.Р., муовини декани факултети фармасевтӣ Талбов Ф.Ш. ва дигар кормандони кафедра гузаронида шуда, дар он донишҷӯёни курси 1 – ум Назарова Настаран ва Абдураҳмонова Нозанин бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баромад намуда, маърӯзаи худро оид ба ин санади муҳиму тақдирсози миллӣ пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.

Дар интиҳои дар мудири кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ д.и.х., профессор Раҷабов У.Р. ва муовини декани факултети фармасевтӣ Талбов Ф.Ш. суханронӣ намуда, донишҷӯёнро барои бештару беҳтар тарғибу ташвиқ намудани арзишҳои миллию давлатӣ ва пос доштани расму суннатҳои аҷдодӣ, саҳмгузорӣ бар рушду нумӯъи Тоҷикистони азиз ва гулгулшукӯфоии он ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат хизматҳои ниҳоят бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои сулҳу оромӣ, рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон ва дар арсаи байналмилалӣ бештар мураррифӣ гардонидани Тоҷикистон зикр карда шуд.

   Муовини декани факултети фармасевтӣ Талбов Ф.Ш.

12.11.2020     534

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php