Устодони муҳтарам,

Ба суроғаи ДДТТ мактуби расмӣ аз Маркази байналмилалии ҳамкориҳои илмӣ ва техникии NORXIN (шаҳри Сиан, Ҷумҳурии Мардумии Чин) ворид гардид. Маркази мазкур муассисаи давлатии илмӣ-техникӣ мебошад, ки дар соҳаи тиб ва илм фаъолиятҳои ҳамкории байналмилалиро ба роҳ мондааст.

Дар доираи баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ байни ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва NORXIN, иштироки мутахассисони донишгоҳи мо дар лоиҳаи байналмилалии муштарак, ки ба бемориҳои клапанҳои дил бахшида шудааст ва таҳти роҳбарии профессори Ан (Чин) амал хоҳад кард, мавриди муҳокима қарор дорад.

Дар ин робита, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба паҳн намудани ин иттилоот миёни ҳайати профессорону омӯзгорон мусоидат намуда, мутахассисони соҳаи кардиологияро, ки дорои таҷрибаи дахлдор ва шавқи илмӣ мебошанд, барои иштироки эҳтимолӣ дар лоиҳа муайян намоед.

Лутфан CV номзадҳои эҳтимолиро то санаи 18 ноябри соли 2025 ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии ДДТТ (interdep.tsmu@gmail.com) ирсол намоед, то барои баррасӣ ба маркази NORXIN фиристода шаванд.

 


14.11.2025 170

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php