Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2021, №88 « Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябри соли 2021 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявиро дар мавзӯи « Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ» баргузор менамояд.

Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқони муассиса метавонанд мақолаҳои илмии худро барои иштирок ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Почтаи электронӣ: Hakimov_M_@mail.ru yakubova_karina@mail.ru

Рақамҳои телефон барои тамос: +992987870611 (Буриева М.Ч.)

+992931747260 (Якубова К.)


14.10.2021 377

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php