Қабули шунавандагон ба курси 8-моҳаи Маркази омодагии қаблӣ

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабули ҳуҷҷатҳоро аз рӯи кластери 5-ум (ихтисосҳои тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дар ш. Душанбе барои супоридани имти-ҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.

       Дар Маркази омодагии қаблӣ ҳамаи хоҳишмандон ва хатмкунандагони муасси-саҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки мехоҳанд сатҳи дониши худро баланд бардоранд, таҳсил карда метавонанд. Дарсҳо мувофиқи барномаи таълимии тасдиқшуда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик (тест ва эссе), таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, химия, биология ва физика, гузаронида шуда, 8-моҳ давом мекунад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ва дарсҳои машваратӣ (консултатсия) аз:
03.09.2018 то 30.09.2018
Оғози машғулиятҳо аз:
01.10.2018
   Барои таҳсил намудан ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:
1) Шиноснома ё Шаҳодатномаи таваллуд—асл ва нусха     2) Аттестат— асл ва нусха    3) Маълумотномаи    тиббӣ 038/У
4) Маълумотномаи ҳарбӣ—нусха      5) Расм 6-дона 3х4     6) Маълумотнома аз мактаб (барои хонандагони синфи 11)           7) Табели синфи-10 (барои хонандагони синфи 11)     8) Хилъати сафед

Суроғаи мо:
Бинои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳраки «Шифобахш» (Қарияи Боло), рӯ ба рӯйи бинои 15-и беморхонаи «Шифобахш»

Телефон барои тамос:   (+992) 907-01-00-10

E-mail: tajmedun14omodagi@gmail.com
04.09.2018 631

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php