Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2022

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.

Озмуни мазкур бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯён, магистрантону докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорон гузаронида мешавад.

Аз ин лиҳоз, ҳуҷҷатҳоро тибқи Низомномаи замимагардида то санаи 10.03.2022 ба шӯъбаи илм ва иноватсия пешниҳод намоед.

Замима: Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155).

:
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2022:

21.02.2022 3448