Озмун дохилшавӣ ба аспирантура, докторантураи (PhD) ва магистратура

Қабул ба аспирантура барои соли 2019 шӯъбаи рӯзона ва ғоибона аз рӯи ихтисосҳои: акушерӣ ва гинекологӣ, анатомия, анатомияи патологӣ, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои асаб, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кӯдакона, беҳдошт, биология, биохимия, гистология, дерматовенерология, кимиёи биоорганикӣ, микробиология, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, онкология, оториноларингология, офталмология, психиатрия, стоматология, ташхиси шуоӣ, технологияи фармасевтӣ, тибби судӣ, травматология ва ортопедия, урология, фармакогнозия, фармакология, физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ, фтизиатрия, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳӣ, стоматология, эндокринология, эпидемиология сар мешавад. Қабул ба аспирантура аз ҳисоби магистр-аълочиён, хатмкунандагони ординатураи клиникӣ ва духтуроне, ки на камтар аз 3 сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос доранд, гузаронида мешавад.

Қабул ба магистратура барои соли 2019 аз рӯи ихтисосҳои: кори табобатӣ, беҳдошт, вогиршиносӣ, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ оғоз карда мешавад. Қабул ба магистратура аз ҳисоби хатмкунандагон-аълочиён гузаронида мешавад.

Қабул ба докторантураи (PhD) барои соли 2019 шӯъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои: акушерӣ – гинекологӣ, анатомияи патологӣ, асабшиносӣ, анатомияи одам, аллергология, антибиотикҳо ва ПХТ, анестезиология – реаниматология, беҳдошти умумӣ ва экология, беҳдошти муҳити зист (тиббӣ меҳнат), бемориҳои пӯст ва ҷинсӣ, биохимия, беморихои сироятӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои сироятии кўдакона, ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва барқарорсозӣ, гастроэнтерология, герантология-гериатрия, гематология – хунгузаронӣ, иммунология, кардиология, кимиёи фармасевтӣ, онкология, офталмология, оториноларингология, психиатрия, пулмонология, тибби судӣ, стоматология – ортопедия, ташхиси клиникӣ – лабораторӣ, трансплантология, ташхиси шуоӣ, травматология-ортопедия, технологияи фармасевтӣ, ташкили кори фармасевтӣ, ревматология, ҷарроҳии дилу рагҳо, наркология, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, нефрология, тиббӣ барқарории варзишӣ, урология, фармакогнозия, фармакология, физиотерапия, физиологияи патологӣ, фтизиопулмонология, физиологияи нормалӣ, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, эпидемиология – вогиршиносӣ, эндокринология оғоз карда мешавад. Қабул ба докторантураи (PhD) аз ҳисоби шахсоне, ки дорои таҳсилоти олии махсус мебошанд ва унвони академикии «магистр» доранд ё хатмкунандагони ординатураи клиникӣ мебошанд, гузаронида мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба аспирантура, магистратура, докторантураи (PhD) аз 15 августи соли 2019 оғоз мешавад.

                                                                                      

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳуҷраи 216, шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ.


13.08.2019 665

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php