«МАСЪАЛАҲОИ АКТУАЛИИ РУШДИ ФАЛСАФА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР ДАР ТОҶИКИСТОН»

Кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон маълумот медиҳад, ки 4-уми декабри соли 2019 конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўъи «Масъалаҳои актуалии рушди фалсафа дар замони муосир дар Тоҷикистон» баргузор менамояд.
Дар конфронс масъалаҳои зерини соҳаи фалсафа мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт:
-Ҳастишиносӣ ва маърифатшиносӣ;
-Мантиқи анъанавӣ ва риёзӣ (ваъзият, зарурат ва дурнамои онҳо);
-Усулҳои самараноки таълими фалсафа дар шароити кунунии Тоҷикистон;
-Диншиносии илмӣ ва имкониятхои рушди он.
Аз Шумо тақазо мешавад, ки то 5-уми ноябри соли 2019 унвон ва фишурдаи суханронии худро дар ҳаҷми 4-6 саҳифаи чопи компютерӣ бо шрифти Times New Roman TJ -14 интервал1, аннотация ва калидвожаҳо ба забониҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, нишон додани ному насаби худ, ҷои ко рва унвони илмии худ ба нишонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети фалсафа кафедраи онтология ва назарияи маърифат, бинои таълимии №15 дар шакли электронӣ ва хаттӣ ирсол намоянд. Маводҳои конфронс ба табъ расонида шуда, дар РИНЦ ворид карда мешавад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мақолаҳо ба суроғаи электронии farukh1984@mail.ru. Тел:985256699 ва musatfo_kaladarov@mail.ru. Тел: 903446411.
Маълумоти муфассал дар шўъбаи илм ва инноватсия.

29.09.2019 910

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php