Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Заминаҳо ва дурнамои амалигардонии стратегияи миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар»

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 28-29-уми июни соли 2019 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ «Саноатикунонии босуръати кишвар» дар мавзӯи «Заминаҳо ва дурнамои амалигардонии стратегияи миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор менамояд.

Аз ин рӯ, олимон, муҳаққиқон, магистрантон ва дигар шахсоне, ки майли иштирок дар конференсияро доранд то санаи 25 июни соли 2019 мақолаҳои илмии худро дар ҳаҷми аз 2 то 7 саҳифа барои иштирок пешниҳод намоянд.

Суроға:

ДТМИК, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯч. Борбад.

Тел: (+992) 918-77-15-17, (+992) 909-29-80-95

E-mail: ilm_dtmik@mail.ru

Маълумоти бештарро метавонед аз шуъбаи илм ва инноватсия дастрас намоед.


12.06.2019 392