Конференсияи байналмилалии илмӣ –амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (солонаи 67-умин) «Илми тибби асри ХХI – нигоҳ ба оянда»

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки 29 ноябри 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, Тоҷикистон) Конференсияи байналмилалии илмӣ –амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (солонаи 67-умин) «илми тибби асри ХХI – нигоҳ ба оянда» (солонаи 67-умин), бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ(2019-2021)» доир мегардад.

         Шуморо барои иштирок кардан дар кори конференситя даъват менамоем. Шаклҳои иштирок:

1. Танҳо нашри мақола

2. Нашри мақола ва маъруза дар сексияҳо.

1. Терапия

2. Ҷарроҳӣ

3. Педиатрия

4. Тибби оилавӣ

5. Стоматология

6. Тибби назариявӣ

7. Фарматсия

8. Физика, химия, биология

9. Философия ва филология

10. Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ.

 Забони кории конференсия: тоҷикӣ, руссӣ, англисӣ.

 Баъди ҷамъбасти конференсия то 20-сентябри соли 2019 маҷмӯаи маводҳои он ба нашр расонида мешавад.

Шкли электронии маҷмӯаи маводҳои конференсия дар формати pdf. Пас аз хатми конференсия дар сайти донишгоҳ: https://tajmedun.tj/ru/ нашр мешавад.

 ТАЛАБОТ БАРОИ ТАРТИБИ МАҚОЛАҲО (Замимаи 1)

Ҳатмист! Маводҳо бояд бо тарҳи муқаррарӣ, тариқи MS WORD – 1997-2003, 2007 тартиб дода шуда бошанд. Фосилаи ҳошияҳо: аз боло ва аз поён – 2 см, аз чап – 3 см, аз рост – 1.5 см. Ҳуруфи – Times New Roman, андоза – 14, фосилаи байни сатрҳо – 1,5. Баробарии паҳнӣ, андозаи сархат -1 см. чопи матн – китобӣ. Ҳамаи расмҳо ва ҷадвалҳо дар мақола бояд рақамгузорӣ ва номгузорӣ карда шаванд. Ҷадвалҳо бо тарҳи матни асосӣ ҳуруфчинӣ карда шаванд.

Сохтани расмҳо ва нақшаҳо бо истифода аз ҷузъҳои алоҳидаи WORD иҷозат дода намешавад! Ҳамаи расмҳо дар матн бояд бо тарҳи tif, tag, jpg, jif, bmp ҷой дода шаванд

Навиштани сарлавҳа (фосилаи байни сатрҳо – андозаи як). Номи мақола – бо ҳуруфи калони серранг, марказонидашуда ва бе гузоштани сархат навишта шавад. Баъд аз 1 сатр – ному насаби муаллифони мақола (ҳуруф серранг, курсив, марказонидашуда. Баъди сатри навбатӣ – ҷои кор, номи муассиса, ҳамаи маълумотҳо бе ихтисор ворид карда шаванд).

Масъулияти пурраи муҳтавои маводи пешниҳодшуда, эътимоднокии натиҷаҳо ва риояи қоидаҳои истифодаи моликиятҳои зкҳнии муаллифи шахси сеюм ба уҳдаи муаллиф вогузор карда мешавад.

Нашри мақолаҳо ройгон аст.

Трансфер ва зист аз ҳисоби иштирокчии конференсия ваё ҷоиниби фиристонанда.

Маводҳои конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳои ба РИНЦ воридшуда нашр мешаванд.

Мавод ба почтаи электронӣ ба суроғаи зерин фиристода мешавад:

conference@tajmedun.tj

дар мактуби электорнӣ ин чизҳо бояд бошанд:

1) Мақола дар формати MS Word - 1997-2003, 2007. Санади электронӣ файл) барои ҳар як нашрия алоҳида. Номи файл аз номи муаллифи аввал бо нишон додани шаҳр иборат мешавад.Масалан, Petrov_Mосква.doc.

2) Корти сабти иштирокчӣ (замимаи 2).

 ТАВАҶҶУҲ КУНЕД: ба суроғаи шумо дар хусуси барои нашр қабул кардани мақола хабар фиристода мешавад. агар дар давоми 3 рӯз шумо чунин хабарро нагирифтед, лутфан мактубро такароран фиристед ва ё ба шахси масъул ба телефонҳои дар поён зикршуда рӯзҳои аз душанбе то ҷумъа аз соати 13:30 то 17:00 занг занед.

 Маълумот барои тамос:

       Али-Зода Суҳроб Ғаффарович – ходими калони илмии шуъбаи илм ва   инноватсияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Тел: +992 92 821 77 55

          Мавлонова Садорат Ниёзалиевна – ходими калони илмии шуъбаи илм ва   инноватсияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Тел: +992 44 600 36 31

 Сайти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино: https://tajmedun.tj/ru/

Замимаи 1

Намунаи навиштани мақола:

МАХСУСИЯТҲОИ ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ К ОСОБЕННОСТЯМ ГИПОТИРЕОЗИ АВВАЛИЯ ДАР ПИРОСНСОЛӢ

(бо ҳуруфи калон, ҳарфҳои сиёҳ)

Негматова Ш.Д., Иноятова Н.А., Астапова М.

(курсиви сиёҳ)

Кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Тоҷикистон.
( хати холӣ)

Муҳимияти мавзӯъ

Мақсади тадқиқот

Мавод ва усулҳои тадқиқот

Натиҷаи тадқиқот ва муҳокимаи он

Хулоса

Номгӯи адабиёт на зиёда аз 5 сарчашма, дар 10 соли охир (тибқи талаботи ГОСТи – 7.1-2003)

Замимаи 2

 Корти сабти иштирокчӣ

Корти пуркардашудаи сабти иштирокчӣ якҷоя бо мақола дар шакли электронӣ ба таври ҳатмӣ ба сӯроғаи кумитаи тадорукот почтаи электронии conference@tajmedun.tj ирсол мешавад.

 

Корти сабти иштирокчӣ/гузоришдиҳанда

 

 

Ном ва насаби иштирокчӣ/гузоришдиҳанда (пурра бо забонҳои руссӣ ва англисӣ)

 

Ҷойи кор, вазифа

 

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ (агар бошад)

 

Номи кафедра, донишгоҳ, кишвар бо забони руссӣ

 

Номи кафедра, донишгоҳ, кишвар бо забони англисӣ

 

Номи гузориш бо забони руссӣ

 

Номи гузориш бо забони англисӣ

 

Сексияи гузориш

 

Шакли иштирок (варианти интихобшуда бо ҳарфҳои сиёҳ ва ба зераш хат кашидан ҷудо карда мешвад)

Нашри мақола

Нашри мақола ва гузориш дар конференсия

Телефон барои тамос, e-mail

 

Котиби кумиатаи тадорукот


18.06.2019 950

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php