ФОНДИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТАҲҚИҚОТИИ БУНЁДӢ

Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ (минбаъд - Фонд) озмуни лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ ва амалиро барои солҳои 2020-2021 эълон менамояд:
Лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшавандаи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ бояд барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат карда тавонанд.
Бо назардошти ҳолати воқеӣ ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон лоиҳаҳо ба озмун бояд дар самтҳои зерини афзалиятдоштаи илм ва техника пешниҳод карда шаванд.
- кимиё ва технологияи кимиёвӣ;
- биотехнология ва гуногунии биологӣ;
- нанотехнологияҳо ва наномаводҳо
- технологияҳои сарфаи энергия, манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдил ва захираи энергия;
- коркарди технологияҳои инноватсионӣ;
- омӯзиши пиряхҳо ва манбаъҳои об;
- сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ;
- дорушиносӣ ва дорусозӣ;
- таърих ва фарҳанги миллати тоҷик;
Лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ аз шумораи лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшавандаи муассиса ва ҳайат (коллектив)-ҳои илмӣ, муассисаҳои илмӣ, олимони алоҳида ва мутахассисони институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси натиҷаҳои ташхиси мустақил интихоб ва аз ҳисоби фонд бо таъйиноти мақсаднок ба муҳлати 2 сол маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба ҳар як лоиҳа то 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ЛОИҲАҲОИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ БА ОЗМУН БО НИШОНИИ ЗЕРИН БОЯД ИРСОЛ ШАВАНД:
734025 шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 33, Фонди Президентии таҳқиқотии бунёдӣ,
Телефон барои маълумот: 221-62-64.
Ҳамчунин, маълумоти бештарро метавонед аз шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дастрас намоед.

21.11.2019 772

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php