Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ

Фонди президентии таҳқиқоти бунёди (минбаъд – фонд) озмуни лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ ва амалиро барои солҳои 2019 – 2020 эълон менамояд.

 

Лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшавандаи илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ бояд барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат карда тавонад.

Бо назардошти ҳолати воқеӣ ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон лоиҳаҳо ба озмун бояд дар самтҳои зерини афзалиятдоштаи илм ва техника пешниҳод карда шаванд:

- кимиё ва технологияи кимиёвӣ;

- биотехнология ва гуногунии биологӣ;

- нанотехнологияҳо ва наномаводҳо;

- технологияҳои сарфаи энергия, манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи     экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдил ва захираи энергия;

- коргарди технологияҳои инноватсионӣ;

- омӯзиши пиряхҳо ва минбаъҳои об;

- сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ;

- дорушиносӣ ва дорусозӣ;

- таърих ва фарҳанги миллати тоҷик.

Лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ аз шумораи лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшавандаи муассиса ва ҳайат (коллектив) – ҳои илмӣ, муассисаҳои илмӣ, олимони алоҳида ва мутахассисони институтҳои илмӣ – таҳқиқоти двр асоси натиҷаҳои тащхиси мустақил интихоб карда мешаванд, ва аз ҳисоби Фонд бо таъйиноти мақсаднок ба муҳлати 2 сол маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба ҳар як лоиҳа то 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад .

   Аризаҳо ҷиҳати ширкат дар озмун то 1 марти соли 2019 қабул карда мешаванд.

Ариза ҷиҳати иштирок дар озмун бояд аз сарсаҳифа (титул) ва асоснома барои гузаронидани лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотӣ иборат бошад.

Дар сарсаҳифа номи муассиса (ки он ҷо ичрои лоиҳа пешбинӣ шудааст), номи лоиҳа, муҳлати иҷрои лоиҳа, роҳбар ва иҷрокунандагони лоиҳаро нишон додан зарур аст.

Дар асоснома мухтасар, дар 2-3 саҳифа, муҳимияти масъала, мақсади лоиҳа, зминаи илмӣ дар ин соҳа, натиҷаҳои чашмдошт ва соҳаеро, ки дар он натичаҳои чашмдошт ва соҳаеро, ки дар он натиҷаҳои таҳқиқот истифода шуда метавонад, нишон додан зарур аст.

Ба асоснома бояд замима шаванд:

 

1.       Вазифаҳо барои иҷрои лоиҳаи илмӣ – таҳқиқоти, ки дар он муҳлати иҷрои лоиҳа (марҳала ба марҳала) ба муддати ду сол ба шакли ҷадвал нишон дода шудааст.

Лоиҳаҳоро роҳбари илмии лоиҳа имзо мекунад ва сарвари муассиса тасдиқ мекунад.

2.       Сметаи хароҷот ҷиҳати анҷом додани лоиҳаи илмӣ – таҳқиқотӣ (дар ҳар як сол ва умуман дар 2 сол), ки аз ҷониби роҳбари лоиҳа, сармуҳосиби корхона имзо гардида, аз тарафи сарвари муассиса тасдиқ шудаааст.

Ба ҳама саволҳо вобаста ба пешниҳоди лоиҳаҳои корҳои илмӣ – таҳқиқоти ба озмун бо нишонии зерин муроҷиат карда шаванд: 734025 шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 33, Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ. Телефон барои маълумот: 221-62-64.


23.01.2019 634

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php